ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ  НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ  МУОСИР

«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд».

      Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Шомилшави ҷавонони ноогоҳ ба гуруҳои  террористӣ ва ифротгароӣ  яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ,тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задании шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа вадавлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷудоварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпушкардашудаеаст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯёдинӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ватеррористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноилшаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва посдоштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ингунна падидаҳои  номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгарои мегардад. Дар  чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз  чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, посдоштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқи аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқаст.

Бинобарин мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Мавзуна Раҷабова-Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code