СОҲАИ САНОАТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ РУШД МЕЁБАД

Рӯзи 22 апрели соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр ҷаласаи васеъ гузаронида шуд.

Ҷаласаро раиси шаҳри  Кӯлоб  муҳтарам Вализода А. И. оғоз намуда, қайд намуд, ки бо  назардошти ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рушди соҳаи саноат-соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар шаҳр 46 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 7 корхонаи коркарди сангу шағал, 3 корхонаи хишти пухта, 14 корхонаҳои истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрокворӣ, 9 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, корхонаи ресандагӣ, 4 корхонаҳои дӯзандагӣ ва як коргоҳи мебелбарорӣ фаъолият доранд.

Дар корхонаҳо зиёда аз 180 номгӯи маҳсулот,  аз қабили нахи пахта, хишти бинокорӣ, регу қуми шӯстагӣ, бетони бинокорӣ, хишти сементӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти макаронӣ, мебелҳои гуногун, 66 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ  ва ғайра истеҳсол карда мешавад.

Мақсади баргузор намудани ҷаласа ин бо иқтидорҳои пурра фаъолият намудани корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.  Дар шаҳр тамоми шароитҳо барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ фароҳам оварда шудааст, бинобар ин аз ин имкониятҳо истифода намуда, моҳ ба моҳ ҳаҷми маҳсулот бояд зиёд карда шавад, қайд намуд раиси шаҳр.

Сипас аз роҳбарон оид ба фаъолияти корӣ, қарзи андозу барқ пурсиш карда шуда, роҳбарон ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ барои бартараф намудани камбудиҳо, супоридани ҳисоботи дақиқи оморӣ ва маблағи андозҳои ҳисобишудаву қарзи андозҳо вазифадор карда шуданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки  Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои  солҳои 2020- 2025 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ гардида, дар он афзалият ба  рушди соҳаи саноат  дода шуда, бунёди 15 корхонаи азим бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, модернизатсияи 5 корхонаи фаъолияткунанда ба арзиши  беш аз 4,0 млрд. сомонӣ  бо ҷалби маблағгузории сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 Барномаи мазкур ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума карда шуда, ба тариқи китобча чоп карда шудааст.

Бо амалӣ шудани чорабиниҳои зикргардида, рушди соҳаи саноат сол аз сол таъмин хоҳад гардид.

Тибқи дастури раиси шаҳр гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, барои таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ таҳлил гузаронида, барои  ҳалли масъалаҳои ҷойдошта таклифҳои мушаххас ба раиси шаҳр пешниҳод карда мешавад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code