МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

Имсол дар сар то сари ҷумҳуриамон чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардида истодааст.
Шуҳрати эҷодиёти Мирзо Турсунзода ва овозаи назми ӯ на танҳо дар Тоҷикистон балки мамлакатҳои Шарқу Ғарб, кишварҳои Осиёву африқоро фаро гирифтааст.
Дар тамоми олам Мирзо Турсунзодаро мешиносанду шеърашро мехонанд ва фаъолияташро дар муҳофизати сулҳу амният ва озодии халқҳо қадр намуда баҳои баланд додаанд. Табиист, ки ҳар шоири равшанзамир ва бедордил фарзанди замони худ аст. Устод Мирзо Турсунзода низ шоире буд, ки баробари замони худ қадам гузошт аз ҳавои қарни худ нафас кашид.
Вобаста ба ин имрӯз бо ташаббуси китобдорони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» конференсияи хонандагон дар мавзӯи «Нақши Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» бо гурӯҳи васеи хонандагон баргузор гардид. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ директори Муассиса Обидзода Саймуҳаммад Рустам кушода, тамоми ҳозиринро хайра мақдам гуфта зикр намуд, ки Мирзо Турсунзода бо ашъори баланғояву баландпоя ва сафарҳои хидматиаш на танҳо шахсияти худро, балки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён тавонист, ки муаррифӣ кунад. Зеро ба қавли шогирдаш Лоиқ “Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест”.
Дар рафти чорабинӣ аъзоёни маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ашъори шоир порчаҳои шеъриро қироат намуда, хотири ҳозиринро шод намуданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.
Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ
Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.
Оқилова Заррина – корманди Муассисаи давлатии
«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба
номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code