НАВРАСОН- ШАРИКОНИ РУШДИ УСТУВОР

Санаи 20-21-уми апрели соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлаи шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ оид ба муаррифии лоиҳаи “Наврасон – шарикони рушди устувор” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зарнигор Раҷабова, намояндаи Юнисеф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Усноро Додихудоева, ҳамоҳангсози лоиҳа Фирӯза Шарифзода ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
иштирок намуданд.
Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу чорабинро кушода, вобаста ба аҳамияти тарбияи наврасону ҷавонон суханронӣ намуд.
Ичунин, дар вохӯри дигар иштирокчиён доир ба аҳамияти татбиқи барномаҳои “Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон” ва “Наврасон – шарикони рушди устувор” маълумотҳои муфасал доданд.
Дар анҷоми семинар тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ба таври муштарак амалӣ намудани тарҳҳои мазкур баён доштанд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code