ҲИФЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БОЛОТАР АЗ ДЕМОКРАТИЯБОЗИҲОИ ДУРУҒИНИ ХОРИҶИСТ

ё худ озодии баён дар ҳеҷ ҷойи ҷаҳон нест ва амалан буда ҳам наметавонад
Санаи 20.04.2021 радиои “Озодӣ” дар сомонаи худ бо чунин сарлавҳаи пуркиноя ба қавле “ҳайда” гирифт – “Тоҷикистон аз назари озодии баён як зина поён “лағжид””. Албатта ин бори аввал нест, ки бо чунин шеваҳо дар самти “муайянсозии” шохиси озодии баён ба оҳанги манфӣ нисбати Тоҷикистон бархурд мекунанд ва солҳост, ки чунин шеваи каҷназариро радиои “Озодӣ” ва дигар расонаҳои амрикову аврупомаоб тағйир надодаанд. Пушида нест ва дигар ҳатто худи ҷабҳаҳо низ дар самти ба қуллаҳои ниҳоӣ расидани мавҷи ҷангҳои сард сухан мекунанд. Дарк менамоем, ки ин ҳуҷумҳо дар моварои ҷанги сард асланд байни ҷабҳаҳои Амрикову Аврупо бо Русияву Чин роҳандозӣ шудаанд ва дар атроф ҳампаймонҳои ин ё он ҷабҳа низ канор монда наметавонанд. Чунин бархурди иттилоотӣ бо Тоҷикистон низ аз ҳамин зовият сарчашма мегирад, ҳарчанд Тоҷикистон борҳо дар сиёсати хориҷиаш “сиёсати дарҳои боз”-ро эълон карда, ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳусни нияти неку ҳамкориҳои созандаро нишон дода, дар амал низ борҳо садоқати худро ба сиёсати дарҳои боз собит кардааст. Мо мардуми кишварро низ мебояд воқеияти масъаларо ба хубӣ дарк намуда, нагузорем, ки ба ҳадафи мағзшӯии расонаҳои иттилоотии хориҷӣ табдил ёбем.
Радиои “Озодӣ” чист, аз куҷо маблағгузорӣ мешавад (яъне озод нест ва вобастагиҳои молиявӣ дорад), мавқеӣ сиёсиаш кадом аст ва дар асл чи қадар хабарнигоронаш дар муҳити редаксионӣ озоду ноозод ҳастанд, медонем (худи хабарнигорон ҳам нағз медонанд ва аз фишорҳои ҳаррӯзаи ба сарашон омада ба дод омадаанд, вале бо сабаби ниёзҳои иқтисодӣ ва дарёфти моҳонаи баланд побанду ғулом боқӣ мемонанд) ва дар ин самт ҳоҷат ба шарҳи бештар нест.
Он манбаҳоеро ҳам, ки радиои “Озодӣ” барои манфӣ нишон додани вазъ дар Тоҷикистон истифода мебарад, бисёр манбаҳои шубҳанок ва беэътимод ҳастанд. Нашри мавод бо шеваҳои афзалиятбахшандаи баёнияҳои зидду нақизи намояндагони Департаменти давлатии ИМА ва дигар сиёсатмадорони аврупоӣ, ки аслан дахолати бешармона ба сиёсати дохилии кишварҳои дигар буда, хилофи ахлоқи матбуотист, барои радиои “Озодӣ” амри маъмулӣ ва супоришӣ ҳастанд. Ин ҳам “ба хайр”. Вақтҳои охир бо чунин мақсадҳои ғаразнок ба сифати манбаи барои худашон “муътамад”, аз намояндагони гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ васеъ истифода бурда, дар ҳолатҳои дигар иғворо бар пояи андешаҳои шахсони номаълум, ё худ фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мекунанд.
Маводи “Тоҷикистон аз назари озодии баён як зина поён “лағжид”” низ дар такя бо чунин манбаи шубҳанок, ки манбаҳои он низ номаълум аст, яъне “Гузоришгарони бидуни марз” (Reporters without borders) таҳия ва нашр шудааст. Ин ташкилоти ғайридавлатӣ, ки соли 1985, яъне дар марҳилаи “тақдирсоз”-и ҷанги сард байни Амрикову СССР дар Франсия созмон ёфта буд, заминаҳои молиявиаш низ аз ҷониби гурӯҳҳои шубҳанок тавассути гонорри фотосесияҳо (?), қисман аз ҷониби Фонди Сорос, фонди нависандаи шведӣ, собиқ ҷосуси МИ 6 – и Британияи Кабир хонум Сигрид Мария Элизабет Раузинг, қисми дигар аз як компанияи нассоҷии Италия (?) ва Маркази озодии Куба (?!) таҳия гардида, маблағгузорӣ мешавад. Шиори ин ташкилот ҳам то андозае провокатсионӣ ва ноаён ҷангҷӯёна аст («Без свободной прессы ни об одной борьбе никогда не узнают»).
Аммо бар гардем сари мавзӯи “Озодии баён” ва “Лағжиш”-и он дар Тоҷикистон. Радиои “Озодӣ” бо такя ба “Гузоришгарони бидуни марз” яке аз сабабҳои як зина поён “лағжидан”-и озодии баён дар Тоҷикистонро қатъ шудани фаъолияти сомонаи “Ахборком” медонад. Ин иддао бисёр хандаовар ва агар ҷиддан бигӯем дар ҳадди ифрот бепоя (фалш) аст. Аввал ин ки “Ахборком” дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда буд ва макони таъсисёбӣ ва фаъолияташ ҳам дар Аврупо буд. Ин сомонаро як нафар – Мирзои Салимпур бо усули блогерӣ мечархонд, ки фаъолият кардану накарданаш ба иродаи ҳамон шахс ва маблағгузорони “номаълумаш” рабт мегирад. Ё худ дар шароити каронавирус монеъ шудан ба фаъолияти журналистонро “далел” кардаанд, ки аз мисоли пешинаашон дида аҷоибтар аст. Зеро вобаста ба пандемия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон тадбирҳои маҳдудкунандаи қонунӣ ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз хабарҳои носанҷидаву даҳшатафкан андешида шуда буд ва дар аксар кишварҳои аврупоӣ то ҳол ин тадбирҳои қонунӣ амал мекунанд. Пас чаро дар дигар кишварҳои Аврупо озодии баён “налағжид”?!
Чуноне дар боло ишора намудем, масъалаи озодии баён солҳост ба абзори ҷанги сард табдил ёфта, гурӯҳе иддао мекунанд озодии баёну озодии матбуот дар ин ё он кишвар нест, гурӯҳе пофишорӣ мекунанд, ки ҳаст. Аз ҷумла, чанде пеш чунин як баҳс миёни тарафдорони ҳар ду ақида бо “миёнаравӣ”-и радиои “Озодӣ” сурат гирифт ва дар пайи он чанд вокунише вобаста ба будан ё набудани озодии матбуот дар Тоҷикистон дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Шахсан барои ман ин мубоҳисаҳо ва радду бадалҳо хеле дилгиркунанда буданд. Зеро ҳанӯз аввали соли 2000-ум аз китобхонаи мактабамон китобе бо номи “В. И. Ленин о литературе и искусстве” – ро дастрас карда дар он як нуктаи ҷолиберо хонда дар дафтари алоҳидае ёддошт карда будам, ки то ҳанӯз ҳаст ва ҷавоб ба ҳамаи ин радду бадалҳост. Дар саҳифаи 388-уми он китоб бо такя ба андешаҳои Ф. Энгелс қайд гардида аст, ки «Пока есть государство, нет свободы. Когда будет свобода, не будет государства». Шояд касе пурсад, ки чи сабаб шуд, мо аз як китоби калон маҳз ин нуктаро ҷолиб дарёфта, ёддошт кардем ва мазмунашро бо гузашти 20 сол дар хотир нигоҳ доштем. Чунки мо моҳияти ин сухани илман асоснокро дар амал, дар хуну пусти худ эҳсос намудем. Оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар таҳти шиорҳои озодихоҳӣ ба майдонҳо баромаданд, чи қадар хунрезиҳо шуд ва билохира “озод” шуданд. Яъне давлату ҳукуматро амалан фалаҷ карда, симои манҳуси озодиеро, ки мехостанд, диданд. Вале тавре медонем, ҳукуматеро, ки барои зиндагии шоистаи халқаш тасмим гирифта тавонад, аз даст доданд. Чи рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронид мардуми кишвар ва билохира хатогии худро дарк кард. Аз чунин “озодӣ”-е, ки дилхоҳ авбош метавонист омада хонаатро ғорат кунаду зану духтаратро таҷовуз намояд, давлате набошад, ки амниятатро таъмин сохта, ба қавле шикаматро сер кунад, рӯ гардонида, мавҷудияти давлату ҳукумати конститутсиониро зарур донистанд. Имрӯзҳо бо гузашти солҳо ва пир шудани як наслу ба майдон омадани насли дигар доираҳои манфиатхоҳи сиёсӣ ба ҳар роҳу восита, аз ҷумла бо истифода аз расонаҳои ғаразкобу шабакаҳои иҷтимоӣ дигарбора мехоҳанд бо дасти мардум давлату ҳукумати кишвари соҳибистиқлолу рӯ ба рушдро дигарбора қурбонии “озодӣ”-ҳои бадбахтиовар созанд.
Агар ба асли воқеият назар кунем, ин ҷо ҳақ ба ҷониби Энгелсу Ленин аст ва озодии мутлақ дар ҳеҷ ҷойи ҷаҳон вуҷуд надорад, ҳатто дар идораи марказии Радёи «Озодӣ» (Прага), ё дар дили Аврупову Амрико, ки худро мунодигари озодиҳои инсону озодии баён медонанд. Пас чаро мо бояд ба рейтингҳои афсонабофонаи бегонагон фирефтаву гумроҳ шавем?! Бояд донем, ки тавозуни риояи принсипи озодии баён ва умуман озодиву демократия ба манфиатҳои миллии ин ё он кишвар ва ё гурӯҳҳои манфиатдоре, ки аз ҷониби кишварҳои алоҳида пуштибонӣ мешаванд, вобастагӣ дорад.
Он шаклҳои «озодӣ»-е, ки мутобиқи шохисҳои аврупоӣ аз мо тақозо гашта, тавассути расонаҳои хориҷӣ тарғиб мешаванд, бештар ба заифсозии пояҳои давлатдории миллӣ, ангехтани фитнаву иғво дар байни ҷомеа, ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ ба ҳукумат ва дар маҷмуъ ба бесарусомониву инқилобҳои ранга дар кишвар (мисли Ливия, Украина, Белоросия…) нигаронида шудаанд.
Масалан, нозирони аврупоиву амрикоӣ қариб ягон интихоботро дар кишварҳои пасошӯъравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон озоду демократӣ нагуфтаанд, ҳол он ки аксари ин нозирон ба сӯи қитъаҳои овоздиҳӣ қадами худро нагузошта, ҳолатро ба чашми сар надидаанд. Аммо вақте интихоботи президентии Амрикоро ноозоду тақаллубӣ хонданд, ҳамаи расонаҳои бо ном «озод»-и Аврупову Амрико ва нозирони интихоботӣ Трампро маҳкум намуданд, фишорҳоеро, ки алайҳи тими интихоботии Трамп рӯи даст гирифта шуда буд, нодида гирифтанд ва дар беҳтарин ҳолат хомӯширо ихтиёр карданд. Гурӯҳи ифротгароёне, ки замоне парлумони Тоҷикистон (солҳои 90-ум) ва баъдан Қирғизистону Россияву Грузияву Украинаву Беларусияву Арманистону ғайраҳоро иҳота карда буданд, расонаҳо ва коршиносони аврупоӣ бо овози баланд «гурӯҳҳои озодихоҳ», «мухолифини сиёсӣ», «ҷабҳаи мардумӣ», «муборизони роҳи демократия ва озодӣ» ва бо дигар унвонҳои болохонадори мусбӣ ситоиш мекарданд. Аммо вақте айнан чунин «ҷабҳаи мардумӣ» «ба хотири ҳимоят аз райъи худ ба Трамп» айнан бо шеваҳои зикршуда ба бинои парлумони Амрико дохил шуданд, коршиносон ва расонаҳои аврупову амрико аз онҳо «гурӯҳи ҷинояткор», «душманони демократия» ва билохира «авбош» ном бурда, аз чанд нафари кушташуда «қаҳрамон» гуфтан як сӯ, ҳатто бо ҳасрат ёде накарданд. Бубинед, аз стандартҳои дугонаи бо ном «демократӣ» дар айни як вазъият чи гуна маккорона истифода бурда мешавад.
Дар робита ба ин масъала намунаву мисолҳо хеле зиёданд, вале фикр мекунам хонанда аллакай пай бурд, ки зери ин «озодипарастӣ»-ҳои дуруғини кишварҳову расонаҳои иттилоотии манфиатхоҳ чи фитнаву дасисаҳое нуҳуфтааст.
Пас, мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва манфиатҳои миллиро болотар аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ гузошта пайи мустаҳкамсозии пояҳои давлатдории миллиамон бошем, на демократиябозии дуруғини аврупоиву амрикоӣ!
Орзу ҲАМИДИЁН, шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code