Корҷӯёни шаҳри Кӯлоб соҳиби касб ва шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд

2207 нафар шаҳрвандони синни гуногун — довталабон ва корҷӯёни шаҳри Кӯлоб тавассути  филиали Муассисаи  давлатии «Маркази таълими калонсолон»  ба касбомӯзӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос  ва малакаҳои касбӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд.

Тавре директори муассиса  Умарҷон Исмоилов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  бо назардошти  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ   ва ҳунарҳои мардумӣ дар асоси шартнома  бо шуъбаи   Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ховалинг ва Балҷувон  173 нафар  занону духтарон  ва ҷавонон  ба омӯзиши  касбҳои ҷомадӯзӣ, чакандӯзӣ, адрасбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ ва муҳрабофӣ фаро гирифта шуданд.

Муассиса  ҳамзамон ҳамкориро бо шарикони рушд ва Лоиҳаи тавқияти  таҳсилоти касбӣ-техникӣ  ва омӯзиши  Фонди ёрии байналмилалӣ (ФЁБ) дар самти касбомӯзӣ ва такмили малакаҳои касбии  беш аз 800 нафар   шаҳрвандон ба роҳ мондааст. Ин аст, ки дар он дар баробари дигар  масъалаҳо ба беҳтар гардидани  сифати таълим  ва  касбомӯзӣ  диққати махсус дода мешавад.

Тадбирҳои андешида дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  имконият фароҳам оварданд, ки  теъдоди муайяни  шаҳрвандон ва муҳоҷирони  меҳнатӣ  дар ин давра,  новобаста аз вазъияти  имрӯзаи  эпидемиологӣ ба касбомӯзӣ ҷалб  карда шаванд.

КӮЛОБ,  19.04.2021  /АМИТ  «Ховар»/.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code