ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МО

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихи меъморӣ ва фарҳангӣ чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуда истодааст.
Санаи 19-уми апрели соли 2021 дар Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чорабинӣ бахшида ба “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ вазифаи ҳар яки мо” гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, директори генералии Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб”, Ҳотам Раҷаби Асозода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин ва дигар кормандони осорхона иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро директори генералии Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” Асозода Ҳотам Раҷаб кушода суханро ба муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу дода, зимни суханрониҳо доир ба таърихи таърихи сохтмони мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ичунин таърихи дигар ёдгориҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб таваҷҷуҳ доир карда шуд.
Дигар маърӯзачиён доир ба “Эҳёӣ роҳи бузурги абрешим ва нақши он дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ”, “Рушди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ибрози андеша намуданд.
Бахши матбуоти

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code