ОМОДАГИҲОИ ҲАРБӢ БА ХОТИРИ ҲИФЗИ СУБОТУ ОРОМӢ

Бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷанги, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, пешгирии хатарҳои диверсионию тахрибкорӣ аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳ, ташкили хадамоти комендантӣ ва инчунин омодагии захираҳои ҳайати афсарию шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта санаи 19-уми апрели соли 2021 дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб (чорабинии) омодагии мудофиаи ҳудудӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, роҳбарони ташктилоту муассисаҳо ва тамоми фаолони шаҳр аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.
Сардори мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби аъзои мудофиа нахуст ситоди корӣ гузаронида, вобаста ба вазифаҳои масъулон зимни ҳолатҳои фавқулода суханронӣ намуд.
Идомаи тадбирҳои ҳарбии мудофиявӣ, ки баҳри сулҳу осоиштагии сокинон ва дифоъи марзу буми он равона аст дар маркази маъмурии мудофиаи ҳудудӣ сурат гирифта, ҷузъу томҳои низомию ғайринизомӣ аз ҳисоби кормандону масъулини ташкилоту муассисаҳо бо ҳам ҷамъ омаданд.
Сардори мудофиаи ҳудудӣ дар назди ҳайати шахсӣ маърӯза намуда, иброз дошт, ки ба хотири посдории сулҳу салоҳи комили марзи мудофиаи ҳудудӣ мебояд пайваста чунин омодагиҳои ҳарбӣ бо фарогирии мақмоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони сохторҳои дахлдор ҳамзамон захираҳои ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ гузаронида мешавад.
Ёдовар гардид, ки тайи чанд рӯз боз дар гарнизони Хатлон ва минтақаи ҳудуди он машқҳои мудофиавӣ, тадбирҳои омодабошии ҳайати дар эҳтиётқарордошта, навбатдории пурзури иншоотҳои муҳимми ҷамъиятӣ бо фарогирии шаҳрвандон гузаронида мешавад.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code