САФИРИ ФАРОНСА ДАР ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ КӮЛОБ ТАШРИФ ОВАРД

Санаи 15-16- уми апрели соли 2021 сафари кории Сафири фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ба шаҳри Кӯлоб анҷом дода шуд.

Нахуст дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Зарбдор меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва дигар шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр истиқбол намуданд.

Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бо Сафири фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран мулоқоти судманд доир намуданд.

Сипас, меҳмонони Фаронса аз боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб ва гушаи “Сайри Фаронса” боздид намуда таассуроти хубе  гирифтанд.

Субҳи 16-уми апрели соли равон меҳмонон аз Театри мазҳака мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб дидан намуда, порчае аз намоишномаи Мир Сийид Алӣ Ҳамадониро тамошо намуданд.

Дар доираи ин сафар меҳмонон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб  боздид намуда, дар дафтари хотираҳо дастхат гузоштанд.

Меҳмонон ҷиҳати шиносоӣ аз  Боғи ботаникии ба номи Тилло Бобоеви шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба гулҳои мавсимии дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда, ки дар ин боғи зебо парвариш меёбанд таваҷҷуҳ карданд.

Ҳамзамон, Сафир ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстиву ҳамкорӣ бо дасти худ дар боғ дарахти ҳамешасабз шинонд.

Дар охир  барои боз ҳам фароҳам сохтани ҳамкориҳо байни кишварҳои Фаронса ва Тоҷикистон, ҷалби васеи доираи сармоягузорону соҳибкорон ва дар ин замина ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар аз ҷониби Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба Сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Мишел Тарран як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахта ва ғалла, истеҳсоли маҳсулотҳои нассоҷӣ, фармасевтӣ, лампаҳои каммасраф, аккамулятор, лифт, конструксияҳои металӣ, равған, газворҳои дурушт, бунёди парки технологӣ ва маркази логистикӣ пешниҳод гардид.

Инчунин, дар ин раванд, вобаста ба кушодани Гушаи Фаронсавӣ дар заминаи Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва содироти маҳсулоти сайёҳӣ тавассути Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” пешниҳодҳои мушаххас баён гардида, илова карда шуд, ки омили мазкур метавонад барои ҳавасмандӣ ва ташвиқу тарғиби забони Фаронсавӣ дар байни ҷавонон заминаи устувор гузорад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code