МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
3. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
 
4.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
5. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
6.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби -1038 сомонӣ;
7. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби -1038 сомонӣ;
8. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 883 сомонӣ;
9. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Зарбдор (оид ба соҳаи кишоварзӣ) – 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансаби 690 сомонӣ.
 
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
– ариза ба унвони Раиси шаҳр;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;
– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби сармутахассис
 
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
 
 
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
 
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
 
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассис
 
– таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
 
 
Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.
Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code