НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Мо ба қувваи бузурги занон эътимод дорем ва ба онҳо такя мекунем… Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии тоҷикистон,
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муайян сохтани сиёсати созанда дар самтҳои гуногуни давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сиёсатмадор аст ва ҳар як сарвари давлат вобаста ба хираду заковати хеш самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян сохта, таҳким мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалм Раҳмон низ бо дастовардҳои бунёдиашон сарнавишти давлату миллати тоҷикро муайян сохта, дар таърихи навини тоҷикон нақш гузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории милли ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эхё намояд. яке аз рукнҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ин фаъолсозии нақши занон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Давлати тоҷикон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар масъалаҳои баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа дастовардҳои муҳимро касб намояд. Ин аст, ки таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати зан, таъмини баробарии гендерӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, пешгирии ҷинояткорию хуруфотпарастӣ дар байни занон, хушунат ва зуроварӣ дар оила, устувор сохтани институти оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд.
Ташаббус ва хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мақоми зан дар ҷомеа ба арши воло расида, ҳуқуқ ва озодиҳои бонувон аз нигоҳи нав ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуд.
Беҳдошти ҳаёти зан-модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои он ба сифати пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон қабул карда шуд. Заҳматҳои Пешвои миллат ба он равона гардиданд, ки зан-модар ҳамчун симои зоянда, тарбиятгару созанда ва ободкору маъифатпарвар рушд ёбад. Симои зани тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсии кишвар бояд шинохта мешуд, чунки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, зан бояд рисолати роҳбарӣ дошта бошад. Ин идеяҳои Сарвари давлат тадриҷан амалӣ карда шуданд.
Ҳукумати кишвар воқеияти сиёси, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавии ҷомеаро ба инобат гирифта, баҳри беҳгардонии шароити занон ва таълиму тарбияи маърифатпарваронаи онҳо камари ҳиммат баст.
Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи демократӣ, омода сохтани барномаҳои муштараки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, танзими оила, инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, батаҳсил фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари ҷавондухтарон, беҳгардонии шароити оилаҳои камбизоат, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон, бартараф намудани бекорӣ дар байни занон, ташкил намудани захираи кадрӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон, ҳамкор бо ташкилотҳои ғайри ҳукуматива байналмилалии муқими Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти бонувон гардид. Нақши модар дар тарбия, омухтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд муайян кунанда дониста шуд.
Барои ба танзим даровардан, ҳаллу фасл ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо оид ба фаъолияти занон ва оила аз соли 1991 инҷониб дар мамлакат Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳо амал мекунанд. Онҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни занон амалӣ месозанд. Дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар сохторҳои Кумитаю Шӯроҳои кор бо занон ва ҷавондухтарон фаъол мебошанд.
Барои дасгирии занону бонувон бо ташаббуси Президенти кишвар аз ҷониби Ҳукумат шумораи зиёди барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо тасдик гардида, дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила муайян карда шудааст.
Баъди ба даст овардани соҳибистоқлолият ва барпо намудани давлати миллӣ бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид. Хуҷҷати мазкур Тоҷикистони маҳбубамонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф карда, кафили асосии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шаҳрванд, аз ҷумла занон, гардид.
Якчанд моддаи Конститутсияи кишвар ҳуқуқу озодиҳои зан-модарро инъикос ва ҳифз намуда, мавқеи гендерии занонро дар ҷомеа боз ҳам устувор гардонид. Бахусус, боби 2-юм ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла занонро, тақвият бахшида, моддаи 33 ва 34-и он ҳифзи оила ва кӯдакро аз ҷониби давлат кафолат дод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бо майлони мавқеи зан дар ҷомеа тамоми шароитҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам овард. Дар ин замина, моҳи сентябри соли 1998, боқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 363 «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Соли 1999 бошад Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон» қабул гардиданд. Ин ду ҳуҷҷати тақдирсоз заминаи ҳуқуқию иҷтимоии пешбурди сиёсати давлатиро дар байни занон муайян намуд. Баъдан бошад «Барномаи давлатии таъмини баробар ҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ба имзо расид.
Моҳи декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Дар асоси ин фармон иштироки бонувон дар идоракунии мақомоти давлатӣ бозбинӣ шуда, шумораи онҳо дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда сол то сол афзоиш меёбад.
Фармони мазкур барои таҳия ва қабули даҳҳосанадҳои дигари ҳуқуқӣ замина гузошт, ки қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори хукуқӣ дар ҷумҳурӣ» (аз 22.08.1997, № 383), «Дар бораи Барномаи миллии Чумҳурии Тоҷикистон «Танзими оила ва ҳукуқ» (аз 2.12.1999, №№483), Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу Имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 8.08.2001, № №391), «Дастрасии занони деҳот ба замин» (аз 30.04.2004,№196), Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солхои 2002-2005» (аз 4.02.2002,№ 29), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» Стратегияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи тосоли 2015» ва «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид батаъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014» амсоли онҳоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистонсоли 2008 «Барномаи давлатии тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» қабул шуд. Дар доираи ин Барнома интихоб, омӯзиш, бозомӯзӣ, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи бонувон ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба хизмати давлатӣ дар саросари кишвар роҳандозӣ гардид. Ҳамасолаи миқдори зиёди ҷавондухтарон тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ҷалб гардида, баъди хатми донишгоҳ бо ҷойи кор ва шароити зарурӣ барои фаъолият таъмин мегарданд. Бе шак дар ин иқдом сарпарастӣ ва диққати доимии Пешвои муаззами миллат эҳсос мегардад.
Бо қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз 29 августисоли 2015 Нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ шуд.
Тибқи дастури Сарвари давлат аз соли 2006 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкории занону духтарон таъсис дода шуданд. Ҳамасола то сад зан аз ин грантҳо бархурдор мегарданд, ки ҳаҷми умумии онҳо зиёда аз 2 млн. сомониро ташкил медиҳанд.
Рӯзи 23-юми январи соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ эҳтироми хоссаи худро ба занону бонувон изҳор дошта, ташаббусҳои навинашро пешкаши ҷомеа гардонида,соли 2015 ҳамчун «Солиоила» эълон гардид. Дар ин раванд «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 декабрисоли 2015, № 801 таҳиява қабулгардид.
Дар ин соли хотирмон масъалаи беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак дар мадди назари тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар қарор гирифт.
Муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар назди масъулин оид ба ҷорӣ намудани курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ дар синфҳои болоӣ, пешгирии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани никоҳи хешовандони наздик ҳамчун сабабгори тавлиди насли носолим ва зарурияти ба роҳ мондани муоинаи пешакии тиббии навхонадорон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҷаноби Олӣ қайд доштанд, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзанд ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад.
Бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон рӯз то рӯз беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзанд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро имзо кард.
Хуллас, фаъолияти шабонарӯзӣ ва пурмаҳсули Пешвои миллат буд, ки мо занону духтарони хушиқболи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи имкониятҳо дастрасӣ дорем ва баробари мардон дар рушду ободии Ватани азизамон саҳм гузошта истодаем.
Ҳакимова Фарзона-мутахассиси пешбари
Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code