ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Санаи 13 апрели соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва муовини раиси вилоят Хатлон муҳтарам Сулаймонзода Акрам ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии  шаҳру деҳот дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини якум, муовинони раис, роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳр ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.

Раиси шаҳри Кӯлоб  муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ҷаласаро оғоз намуда, суханро ба муовини раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо оид ба пешниҳоди натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳот дар семоҳаи якуми соли 2021 дод. Мавсуф дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои тамоми соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

Дар идомаи ҷаласа дигар масъулини соҳа аз натиҷаҳои кории худ дар соли 2021 баромад намуданд.

Дар ин росто, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф  аз рӯйи ҳисоботи муовини якуми соҳавии раис натиҷагирӣ намуда, оид ба масълаи иҷроиши андоз, истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, тандурӯстӣ, маориф, даъвати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо шахсони масъулро соҳа ба саҳа пурсида, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамзамон, муовини раиси вилоят Хатлон муҳтарам Сулаймонзода Акрам баромад намуда, ҷиҳати рушду пешрафти кор дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Сулаймонзода Акрам барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии  гулҳо “Сайри гули лола”  як қатор ташкилоту муассиса ва боғу гулгаштҳои шаҳрро бо ифтихорнома сарфароз намуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code