КӮЛОБ ДАР ОЗМУНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” САЗОВОРИ ҶОИ 2-ЮМ ВА УНВОНИ “ШАҲРИ БЕҲТАРИН” ГАРДИД

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, таҳти №1140 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 21 феврали соли 2019, №58 баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳру ҷамоъатҳои деҳоти Кӯлоб, деҳа ва маҳала, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебошиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати зист ва бунёд намудани гулгашҳо озмуни гулҳо “Сайри гули лола” баргузор карда шуд.

Дар ин росто, шаҳри Кӯлоб дар озмуни ҷумҳуриявии  гулҳо “Сайри гули лола” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021 ба ҷойи дуюм сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” барои солҳои 2019-2021 дар вилояти Хатлон ба ҷоизаи “ШАҲРИ БЕҲТАРИН”  сарфароз гардонида шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code