ТАРТИБИ

пешбурдӣ маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии  шаҳру деҳот дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021

Раис: Ҳозирини гиромӣ!

Дар маҷлиси имрӯза муовини якуми раис, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзиии шаҳр ва васоити ахбори омма даъват шудаанд, ки аксарияти онҳо иштирок доранд.

Ҳамчунин дар кори маҷлиси имрӯза намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,  муовини раиси вилоят муҳтарам Сулаймонзода Акрам иштирок доранд, ҳузури онҳоро хайрамақдам менамоем.

Рӯзномаи маҷлис

  1. «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021» баррасӣ мегардад.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

Ҳозирини гиромӣ қабл аз оғози маҷлис регламенти онро ба Шумо пешниҳод менамоям. Барои баромадкунандаи асосӣ  то 45 дақиқа, барои музокираҳо то 10 дақиқа, саволҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шудааст. Бинобар ин мехостам, ки ин регламент аз ҷониби баромадкунандагон риоя карда шавад.

Раис: Ба баррасии масъалаи маҷлис мегузарем. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021 сухан ба муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо Сатор дода мешавад. Марҳамат Таширфзода Мунаваршо.

Раис: Маъруза ба охир расид. Саволҳо бошанд марҳамат. Набошад, ба пурсиши масъалаи барраси гардида мегузарем.

ПУРСИДА МЕШАВАНД:

 

Оид ба соҳаи кишоварзӣ

 

  1. Ташрифзода М.С. – муовини якуми раиси шаҳр;
  2. Дилшоди Д. – сардори Раёсати кишоварзӣ;
  3. Қодирзода М. – раиси Кумитаи идораи замини шаҳр
  4. Миралиев Ф. – сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб;
  5. Неъматов С. – сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб;
  6. Садиров М. – сардори ситод оид ба ҳолатҳои ҳавқулода;
  7. Табаров А. – директори Маркази таъмини амнияти озуқаворӣ;
  8. Шеров Д. – сардори идораи пиллаи Кӯлоб;
  9. Раҷабов Б. – сардори корхонаи фаръии бақайдгирии техникӣ;

Оид ба соҳаи иқтисод ва савдо

  1. Садирзода Б.Н. – муовини раиси шаҳри Кӯлоб;
  2. Раҳмонов А.Р. – мудири шуъбаи иқтисод ва савдо
  3. Султонов Б. – сардори Раёсати молияи шаҳр;
  4. Ибодуллозода А. – сардори нозироти андози шаҳр;
  5. Қурбонзода Н. – сардори Раёсати омори шаҳр;
  6. Асоев М. – сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр;
  7. Каримова М. – сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр;
  8. Шарипов И. – мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ;
  9. Сафарализода С. – мудири бахши сармоягузорӣ
  10. Абдуллоев Ф. – директори Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ;
  11. Раҳмонов И. – сардори Хадамоти муҳоҷират;
  12. Раҳимова М. – раиси Раёсати ҷамъияти матлубот
  13. Маҳмадиев Л. – комиссари комиссариати ҳарбӣ
  14. Бонкҳо

Оид ба соҳаи саноат, энергетика ва

нақлиёту коммуникатсия

  1. Раҳимов С.Ҳ. – муовини раиси шаҳри Кӯлоб;
  2. Хуҷамқулов Р. – мудири бахши саноат;
  3. Аҳмадзода Қ. – мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб;
  4. Холмадов З. – и.в.сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳр;
  5. Комилзода Ҷ. – сардори шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоби филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб;
  6. Шарифзода М. – директори идораи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб;
  7. Шарипов З. – директори корхонаи давлатии фаръии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”
  8. Мардонов С. –директори Корхонаи давлатии фаръии «Истифодабарию истеҳсолии манзил»-и шаҳри Кӯлоб;
  9. Файзов А. – сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳр;
  10. Ғафуров Ф. –директори идораи равшаннамоии шаҳри Кӯлоб;
  11. Назаров М. – и.в.директори Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб;

Оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 

  1. Одилзода Д.Р. – муовини раиси шаҳри Кӯлоб;
  2. Ҳакимов Қ. – сардори Раёсати маориф;
  3. Абдураҳмонов Б. – ҳамоҳангсози соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб;
  4. Иброҳимзода М. – мудири бахши САҲШ

Оид ба соҳаи маънавиёт

  1. Нозимова Ф. – мудири шуъбаи кор бо занон ва оила;
  2. Файзова Д. – мудири бахши бойгонӣ-матбуотӣ;
  3. Салимов С. – мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим;
  4. Раҷабова М. – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш;
  5. Тошев М. – директори боғи фарҳангию фароғатӣ;
  6. Шамсов З. – директори боғи миллии Сомониён;
  7. Каримов Ғ. – директори боғи ҳайвонот;

Дастгоҳи раиси шаҳр

 

  1. Ҷалилов Х. – роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр
  2. Мирзоев У. – мудири шуъбаи ташкилӣ;
  3. Давлатова З. – сармутахассиси шуъбаи умумӣ;
  4. Орзуи Ҷ. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва

    робита бо ҷомеа

  1. Раҳимов Д. – мудири бахши молиявӣ
  2. Гулмадов А. – сармутахассис-ҳуқуқшинос
  3. Раисони Ҷамоатҳои деҳоти шаҳр.

Раис: Ба мо лозим аст, ки вобаста ба масъалаи баррасигардида барои семоҳаи дуюми соли 2021 вазифагузориҳо намоем (сухан ба Раиси шаҳр).

Раис: Ҳоло сухан ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини раиси вилоят муҳтарам Сулаймонзода Акрам дода мешавад. Марҳамат Акрам Сулаймонзода

Вобаста  ба баррасии масъала лоиҳаи қарори раиси шаҳр омода шудааст.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои музокирачиён лоиҳаи қарор қабул карда мешавад.

Раис: Дар хусуси гузаштани маҷлиси имруза чӣ гуна таклифу пешниҳодҳо ҳаст? Нест.

Ҳозирин гиромӣ, набошад дар анҷоми маҷлис мехостам ба саҳми Шумо натиҷаи баргузории озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: «Сайри гули Лола» дар шаҳри Кӯлобро, ки тибқи протоколи ҷаласаи Комиссияи озмунӣ ҷамъбаст гардид, расонам. Озмуни мазкур аз руи 6 номинатсия, аз ҷумла: деҳот, деҳа, маҳалла, боғ, гулгашт ва гулпарвари беҳтарин ҷамъбаст гардид. Тибқи натиҷагирӣ аз руи номинатсияи деҳоти беҳтарин: Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи беҳтарин: деҳаи Андароб, маҳаллаи беҳтарин: маҳаллаи  И.Сомонӣ, боғи беҳтарин: боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, гулгашти беҳтарин: гулгашти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва гулпарвари беҳтарин: Корхонаи давлатии фаръии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ” сазовори ҷойи якум гардиданд, ки ғолибони озмун дар чорабинии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи МИҲД-и шаҳр қадрдонӣ гардида буданд.

Ҳоло мехостам дар ҳузури Шумо ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюми озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: «Сайри гули Лола» дар шаҳри Кӯлоб бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code