Дар минтақаи Кӯлоб тавзеҳи низоми ҳаракати ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллаву деҳот идома дорад

Давоми ҳафтаи равон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо мақсади ба мардум расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 март зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилоят дар ноҳияи Кӯшониён ироа намуда буданд, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ дошт.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аснои  сафар   дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллу деҳот” бо раисони ҷамоат, кумитаҳои маҳалла ва роҳбарони ташкилоти ибтидоии шаҳру ноҳияҳо машварат доир намуд. Дар он  ба иштирокдорон усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, бахусус тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ фаҳмонида шуданд. Ҳамчунин ҷиҳати ташкил ва иштироки фаъолона дар аксияҳои ҳизбӣ ва дастгирии ниёзмандону маъюбон ибрози назар карда шуд.

Зикр шуд, ки “узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барои ҳар нафар шараф ва ифтихор аст. Аз ин рӯ ҳар узви ҳизбро зарур аст дар амалисозии ҳадафҳои олии Сарвари давлат ва пешрафту шукфоии Ватан саҳм гузорад”.

Аёдати шахсони ниёзманд ва маъюб яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар такя ба амалҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабаргирии ашхоси эҳтиёманд ва нафарони маъюб рафта, бо шароити зиндагии онҳо аз назик шинос гардиданд ва ба онҳо  кумакҳои моддӣ расониданд. Бахусус дар ноҳияи Восеъ ба аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуди «Маркази Ситора» рафта, хотири онҳоро шод карданд.

Ҳамзамон  масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон дар баргузории аксияҳои ободонӣ иштирок карда, бо раванди созандагиҳо ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳру ноҳия аз наздик шинос гаштанд

 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code