ШАБИ АДАБӢ – БАДЕИИ ОШЁН ГАР МЕГУЗОРӢ, ДАР ДИЛИ ИНСОН ГУЗОР

Санаи 9-уми апрели соли 2021 дар толори хониши китобхонаи марказии қасри фарҳангӣ шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 110-солагии шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода шаби адабии бадеӣ дар мавзӯъи “Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор” баргузор карда шуд.
Дар чорабинии муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзӯ, намояндагони бахши фарҳанг, донишҷӯён ва аъзоёни катобхонаи марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳомидиён Орзӯ дар бораи ҳаёту фаъолияти шоири халқии Тоҷикистон қаҳрамони Тоҷикистон Лауренти Мукофоти Ленинӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, дорандаи ҷоизаи давлатии СССР ва ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Мирзо Турсунзодаро ба некӣ ёдоварданд.
Баъдан донишҷӯён ва мактаббачагон шеърҳои шоири ватан парвар Мирзо Турсунзодаро қироат намуданд.
Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри баланд бардоштани рӯияи насли наврас ичунин ба шинохти бештари онҳо аз шоирону нависандагон мусоидат мекунанд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code