ЯК  ҲАФТАИ  ХОТИРМОН

 Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» яке аз ҷорабиниҳои муҳими фарҳангӣ оиди тарғиби китоб ва ҷалби васеи кӯдакону наврасон ба хониши китоб ва тарбияи эстетикии онҳо, инкишофи қобилияти эҷодии хонандагони фаъол ба ҳисоб меравад.

 Ҳамин аст, ки  тибқи нақшаи фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсату шуъбаҳои фарҳанг ва маорифи мақомоти иҷроияи маҳалии  ҳокимияти давлатӣ аз 2-апрел то 9-апрели соли 2021 бо иштироки аҳли илму адаб Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!» ва нақшаи тартиби баргузорӣ ва  қисмати ҷамъбастии Фестивал  санаи 7.04.2021 дар толори машваратии  Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи  Садриддин Айнӣ  дар шаҳри Кӯлоб” бо як  шукӯҳу шаҳомати хоса   баргузор гардид.

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

 Ҷамъбасти фестивалро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи вилоятии бачагона Бурҳонов Фарух ифтитоҳ намуда, тамоми иштирокчиёнро хайрамақдам намуд. Сипас сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Қадамшоҳ, сармутахассиси  бахши Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб Бозорзода Сарахон, Обидзода Саймуҳаммад- директори китобхонаи вилоятӣ ба номи Садриддин Айнӣ бо сухани табрикотӣ хонандагонро барои иштироки фаъолонаашон дар Озмунҳое ки   дар доираи нақша-чорабиниҳои пешбинишуда баргузор гардидаанд, минатдорӣ намуда ба нафароне ки  ғолиб дониста шуда ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд, бурдбориҳоро таманно намуданд.

 Сипас ғолибоне ки, сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, бо   ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб, Китобхонаи вилоятии бачагона  ва сипоснома -ҳои Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

 Фестивал муддати як ҳафта  дар тамоми китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо рӯхияи баланди  худшиносию  худогоҳии миллӣ ва баргузории чорабиниҳои баландмазмуни фарҳангӣ , вохӯриҳо бо адибону шахсиятҳои маъруфи диёр,  таҷлил гардида ба ҷалби пурраи хонандагони хурдсолу наврасон ба хониши самарабахши китоб мусоидат  намуд.

 

  Абдулҳакимзода Саодат – корманди Муассисаи   давлатии

 «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба

 номи Садриддин Айнӣ  дар шаҳри Кӯлоб» 

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code