ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи мукаддаси шаҳрванд аст.
(Модаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии тоҷикистон)
Мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ барои ҳар як миллату қавмҳо хеле азиз буда, мазмуни хеле амиқ доранд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд зеро агар модар моро ба дунёи ҳасти оварда бошад. Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост.
Ватан дар баробари модар мукаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан пеши назар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маврид қайд намудааст. «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт- дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».
Мо бояд аз мактаби наслҳои калонсол, сабақи ватандорию бунёдкориҳо омӯзем. Дустию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошад.
Эй Ватан, эй кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар- Ватан сарбози ту.
Тоҷикон аз шумораи он миллатҳоянд, ки марзу буми худро хеле дӯст медоранд ва барои хасти он ҷонисорӣ мекунанд. Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тулии ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҳаб хоки онро мукадас шуморида, барои ҳифзаш бо душманони миллат ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангӯ номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абади рафтаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустаил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад. Бо мақсади мудофиаи мамлакат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23- феврвли соли 1993 таъсис дода , ӯҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаян карда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо неруи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи видон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.
Муҳофизати Ватан, муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номовари мост, ки заҳматҳои пайвастаи эшон Тоҷикистони азизи моро имрӯз ба ҷаҳониён муаррифи намудааст ва мо дар фазои осоиштаи он умр ба сар мебарем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкили Артиши миллии Тоҷикистон ин таъмини амният дар кишвар ва муҳайё сохтани фазои осоишта ба мардуми ин диёр аст. Пас эй ҳамватан биёед бо ҳам сарҷамъ шуда, баҳри ҳифзи марзу буми диёри аҷдодиямон камари ҳимат бандем.
Мо ҷавонон, низ ҳамаи кушишу ғайрат ва корнамоиҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишварамонро, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд саҳми беназир гузоштаанд пазирои намуда, тамоми нерӯи худро баҳри таъмини волоияти қонун ва таҳкими ҳокимияти судӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ баҳри саркашӣ накардани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ ба харҷ хоҳем дод.
НАСИМ Саидов – сармутахасиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code