ВОХӮРИ БО ҶАВОНДУХТАРОН

Санаи 6-уми апрели 2021 дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Кӯлоб  вохӯри дар байни ҷавондухтарону донишҷӯён доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мутахассиси пешбари бахши дин танзим анъана ва ҷашну маросимҳо,  сармутахассиси бахши кор бо ҷавнон, намояндаи сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва дигар шахсони расмӣ оид ба  масъалаҳои пешгирии бегонапарастӣ пешгирии ҷавонон ба  ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ, фарҳанги либоспӯшии миллӣ, бегонапарастӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code