ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ ИҶТИМОИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 2-юми апрели соли 2021 вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бо намояндаи доимии ЮНИСЕФ Осама Маккавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб меҳмононро ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки шаҳри Кӯлоб яке аз шаҳрҳои қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, якчанд унсурҳои он аз ҷумла фалак ва чакан ба сифати меросӣ ғайримоддии ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Миллалӣ Муттаҳид эътироф шудааст.
Меҳмонон дар рафти суханронӣ итмонон доданд, ки ҷиҳати иҷрои мувафаққонаи Барномаи рушди иҷтимою иқтисодишаҳр барои солҳои 20202025 ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонанд.
Дар нимаи дуюми рӯз меҳмонон аз муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, муассисаҳои тандурӯстӣ, беморхонаи сироятӣ, беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб дар деҳоти Зарқалъа ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, ичунин, ҷиҳати таъмири иншоотҳое, ки ЮНИСЕФ саҳм гузоштаанд диданд намуда ва андешаҳои хуро вобаста ба амалӣ намудани лоиҳаҳои нав ва ҳамкориҳои судманд дар ояндабаён намуданд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code