АЛЕКСАНДР КНЯЗЕВ: «ИЗҲОРОТИ ТАШИЕВ ИҒВОГАРОНА ВА ҒАЙРИ ҚОБИЛИ ҚАБУЛ АСТ». Коршинос изҳороти мансабдори қирғизро бесалоҳиятона хонд

«Изҳороти Ташиев (раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев – тавз. ред) нисбати Ворух асосан иғвогарона аст: пешниҳод кардани он чизе, ки априорӣ барои тарафи дигар ғайри қобили қабул мебошад, маънои қасдан тамоми раванди гуфтушунидро ба бунбасти сарбаста бурда расониданро дорад.