Суханронии Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф зимни гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 апрели соли 2021

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат, наваскарон ва ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз барои ҳар яки мо рӯзи шарафу ифтихор аст. Зеро имрӯз мо фарзандони далеру ҷасур ва банангу номуси шаҳри Кӯлобро барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол гусел карда истодаем. Ин ҷавонмардони Ватан ҳамакнун бо масъулияти баланд рисолати бузурги ҳимояи сарзамини худ, ҳамватанони худ, хонаву дар, падару модар ва хоҳару бародари хешро ба душ гирифтаанд. Ба ин хотир ҳамаи ин ҷавононро, ки имрӯз ба номи пуршарафи Сарбози Ватан сазовор гардидаанд, табрику муборакбод мегӯям!

Сарбозони Ватан!

Дар хотир бояд дошта бошем, ки Кӯлоб ҳамеша марзи номуси миллат буд ва дар тули таърих душманони башарият ва кишваркушоёни ғосиб шаҳрҳои калони ҷаҳонро фатҳ карда, ҳамеша омада дар дарвозаи Кӯлоб ба муқовимати сахт рӯбарӯ шуда, шармандавор шикаст хурдаанд.

Ҳанӯз ҳам душманони миллати тоҷик аз ҷавонони сарбаланду ғаюри Кӯлоб ҳазар мекунанд. Зеро медонанд, ки мардони далери шаҳри Кӯлоб чун дигар ҷавонмардони бонангу ори кишвар аз хурд то калон ҳамеша сарбозони сарсупурдаи ин марзу бум буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Ҳамагон дарк менамоем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар яки мо сокинони кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, водорамон месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.

Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ – дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид дар Қувваҳои мусаллаҳ равона карда, айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ асосан бартараф карда шуда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат ёфта истодааст. Дар доираи ин сиёсати созанда, ҳоло тамоми шароитҳои моддиву маишӣ ва техникӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст.

Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.

Айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса бо солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба нерӯи тавоно табдил ёфтааст. Ҷавонони мо, ки ояндаи миллат мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бовиҷдон ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Дар ин самт идеали мо хизматҳои содиқонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад. Дар ин раванд муаррифӣ ва тарғиби асарҳои эҷодкардаи Пешвои миллат барои аз худ намудани таърихи гузаштаву имрӯза, ворид шудани ҷавонон ба набзи ҳаёт, ояндабинии давлату миллат ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии насл мусоидат менамояд.

Ҳар як ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Пас на танҳо дар забон, балки дар амал тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

Муҳим он аст, ки ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту ба амали муайн воқеият пайдо накардааст, намоишкорӣ ва назарфиребист. Ба ин хотир Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ватандӯстӣ набояд ҳусни ҳисоботӣ дошта бошад, он дар амал, на ин ки дар сухан пояи мустаҳкам пайдо менамояд.

Паҳлӯи дигари мавзӯъ ин аст, ки қабл аз анҷом додани ҳар амали ватандӯстона он бояд ба барнома, нақша ва заминаҳои устувори маънавӣ асос ёфта бошад. Табиист, ки сифати ватандӯстӣ нахуст дар сухан зоҳир мегардад. Вале агар он танҳо бо сухан маҳдуд гардаду дар қолаби амал идомаи мантиқӣ пайдо нанамояд, он гоҳ боиси эътимод ва қобили таваҷҷӯҳ нахоҳад буд.

Дар ин майдон мо ҷавонмардонеро дида истодаем, ки ҳам дар сухан ва ҳам дар амал ватандӯстии хешро собит карда истодаанд.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷойи ифтихор ва шургузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ ҳар яки мо фарзандони Ватанро зарур аст, қарзи фарзандии хешро бо хизмат дар сафи Артиши миллӣ адо кунем.

Имрӯз чун ҳамаи мо дар ин майдони нангу номус фарзандони худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда истодаем, бори дигар ҳамаи Шуморо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code