ДАР МАҶЛИСИ ВАИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Санаи 30 марти  соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб (даъвати шашум) бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ва муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам доир гардид.

Дар кори иҷлосия ҳамчунин муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр,  қитъаҳои истифодабарии манзил, имомхатибон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Иҷлосияро раиси шаҳри Кӯлоб  муҳтарам Вализода Абдуқадир Исуф оғоз намуд.

Мувофиқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин: 1) Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 13.10.2017, №859 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 августи соли 2017, №160  «Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2017, №260 «Дар бораи Барномаи маҷмуи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» дар шаҳри Кӯлоб; 2)Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб «Оид ба иқтисод, буҷет, молия, андоз, савдо ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»; 3) Ҳисоботи вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №26; 4) Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии  вакил аз ҳавзаи интихоботии №9; 5) Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №9 ба ҷойи вакили хориҷшуда; 6) Дар бораи таъсиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №9 ва 7) масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Дар рафти маҷлис масъалаҳо бо тартиби муқарраршуда баррасӣ   гардида, қарорҳои даходор қабул карда шуданд.

Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир  Исуф ва муовини Раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.                                                         

  Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code