ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР ДОИРАИ «БАРОДАРШАҲРӢ»

Бояд зикр намоям, ки шаҳри Кӯлоб дар қатори яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ қарор дошта, осори таърихии дар Қалъаи Кӯлоб дарёфтшуда, намунаҳои гуногуни ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, матоҳои абрешимии баландсифат, маҳсулоти заргарӣ, кулолгарӣ, истеҳсолоти чарм, дуредгарӣ, инчунин истеҳсоли кордҳо, таҷҳизоти асп, яроқ ва дигар маҳсулоти металлӣ аз он далолат медиҳанд, ки сокинони шаҳр рушди баланди ин соҳаҳоро ноил гардида буданд.
Маҳз дар асоси ин бозёфтҳо 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ЮНЕСКО бо шукуҳу шаҳомоти хосса ҷашн гирифта шуда, шаҳри Кӯлобро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Кӯлоб бо шаҳри Конияи Ҷумҳурии Туркия бародаршаҳр мебошад.
Протоколи бародаршаҳрӣ бо мири шаҳри Кония ва раиси шаҳри Кӯлоб бо иштироки мухтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия дар соли 2012 ба имзо расид.
Бо мақсади таҳким ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо, дар чорчубаи протоколи “Бардаршаҳрӣ” санаи 19 марти соли равон ба шаҳри Кӯлоб мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Эмраҳ Соганҷӣ якҷо бо корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва дигар шахсони масъуди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр истиқбол намуданд.
Мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Эмраҳ Соганҷӣ нахуст аз ҶСК “Суғдиён” (корхонаи ордбарорӣ) дидан намуд.
Қобили қайд аст, ки таҷҳизотҳои корхонаҳои мазкур истеҳсоли туркӣ буда, сифати хуб дошта, маҳсулотҳои истеҳсолшуда низ босифат мебошанд.
Ҳамчунин меҳмонон дар корхона ба коргоҳи нави макаронбарорӣ шинос шуданд.Сипас аз ҶСП “Комбинати шири шаҳри Кӯлоб” дидан намуданд.
Дар корхона зиёда аз 12 намуди маҳсулотҳои ширӣ ва 8 намуди маҳсулотҳои қаннодӣ истеҳсол мекунад.
Ҷаноби Эмраҳ Соганҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои соҳибкорони туркӣ бо корхонаҳои саноатии шаҳр ибрози ақида намуд.
Ҳамчунин меҳмонон сипосгузории худро изҳор намуда, оромгоҳи орифи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Баъдан меҳмонон ба минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ташриф оварданд.
Боиси қайд аст, ки минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, дар майдони 309,3 гектар таъсис ёфта, тамоми шароитҳо ба субъектҳои он фароҳам оварда шуда, дар ин минтақа субъектҳо аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд.
Меҳмононро директори маъмурияти МОИ “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо қабул намуда, оиди фаъолияти минтақа ба меҳмонон маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Ҷанобаи Эмраҳ Соганҷӣ ҳангоми боздид қайд намуд, ки дар шаҳри Кония низ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дошта, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондан мувофиқи мақсад мебошад.
Баъди боздид дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии як қатор соҳибкорони муваффақи шаҳру деҳоти Кӯлоб бо меҳмонон ва раиси шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Дар вохӯрӣ муаррифӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, бақайдгирии субъектҳо ва дигар ҳуҷҷатгузориҳо директори маъмурияти МОИ “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо пешниҳод намуд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки тибқи тартиби муайянгардида, Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳри Конияи Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода гардидааст.
Баъди ба имзо расидани созишнома ҳамкориҳои судманд дар доираи бародаршаҳрӣ таҳким хоҳад ёфт.
Ҳамчунин барои ҳамкориҳо бо соҳибкорони туркӣ соҳибкорони шаҳр таклифу пешниҳодҳо намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ доир гардид. Тибқи расму оини миллӣ ба ҷаноби Эмраҳ Соганҷӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми сафар меҳмонон аз осорхонаи ҷумҳуриявии дар шаҳри Кӯлоб буда дидан намуда, ба давраҳои гуногуни таърихи шаҳр, дастовардҳо ва осорҳои таърихӣ аз наздик шинос шуда, дар китоби осорхона оид ба таасуроти бардошта қайд намуданд.
Баъди боздид раиси шаҳр ва дигар шаҳсони масъул меҳмононро ба шаҳри Душанбе гусел карданд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code