ДАР КӮЛОБ АЗ ҶАШНИ НАВРӮЗ ИСТИҚБОЛ ГИРИФТА ШУД

Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 20 марти соли 2021 аз субҳи барвақт оғоз шуд. Муждарасони Наврӯз садои сурнаю дафу доира дар кӯчаву растаҳои Кӯлобшаҳри бостонӣ ва сабзаи суманак дар ҳар гушаву канори диёрамон буд. Наврӯз дар фазои орому осоишта баргузор гардида, аз ваҳдату суботи сартосарӣ башорат медод. Кӯчаҳои шаҳри Кӯлобро гулдухтарони чаканпӯш ва кӯдакони гулбадаст зиннат бахшида, бо хушнудию фараҳболӣ ба макони асосии чорабинӣ равона мегардиданд. Воқеан ҳам Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон буда, он бо ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро касб карда, имрӯз таҷлили он дар аксар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз бо руҳияи баланду ифтихормандӣ таҷлил карда мешавад.

Дар ин росто, меҳмонон аз дуру наздик омада, ба майдони чорабинии нарӯзии Муҷтамаи 2700- солагии шаҳри Кӯлоб ҳозир шуданд. Дар чорабинии Наврӯзии шаҳри Кӯлоб узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Мирзо, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, шоирон, собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пас аз суханрониҳои табрикотӣ ба истиқболи Рӯзи кормандони Фарҳанг, барои иштироки фаъолона дар озмуни “Сайри гули лола” ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи роҳсозӣ ба як қатор шахсон Ифтихорнома ва Сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳру минтақаи Кӯлоб барномаи консертӣ пешкаши тамошобинон гардид.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code