Табрикоти Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо самимияти бепоён ва як ҷаҳон умеду ормонҳои нек ҳамаи Шумо, дар шахсияи Шумо тамоми сокинони шаҳри Кӯлоб ва кулли ҳамватанонро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯз- бузургтарин ҷашни аҷдодӣ табрику муборакбод намуда, ба рӯзгоратон файзу баракат ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.
Наврӯз умри беш аз панҷҳазорсола дошта, тавре ки аз номи он бармеояд, «Рӯзи нав» маънидод шуда, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд : “Ниёгони мо – Каёниён, Ашкониён, Кушониён, Ҳайтолиён, Сосониён, Сомониён Наврӯзро на танҳо бо тантана ҷашн мегирифтанд, балки ба он тадриҷан арзишҳои нав ворид мекарданд”. Таҷлили саросарии Наврӯз дар даврони Сомониён боз ҳам густариши бештар пайдо кард.
Ба истиқболи ин ҷашни бузург таомҳо, шириниву ҳалвоҳои гуногун мепухтанд ва хонҳои наврӯзии худро бо ҳафтсину ҳафтшин ва ҳафт мим оро медоданд.
Бузургтарин шоистагиҳои Наврӯз дар он аст, ки ҳама ҷоро поку равшан месозанд, аз дилҳои ранҷида кудуратҳоро мебароваранд, падару модарон барои арӯсии фарзандони худ ба хостгорӣ мераванд, ба камбизоатону беморон назр медиҳанд, хонаҳоро ороста, хушбӯйиҳо мепошанд, хони ҳафтсину ҳафтмими наврӯзӣ мегустуранд.
Бо пешниҳоди Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз – дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт.
Қобили қайд аст, ки аз Наврӯз ба Наврӯз дар шаҳр соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта рушд ёфт. Ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Соли 2020 барои аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб соли таърихӣ ва хотирмон буд. Рӯзҳои 22-23 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, як қатор иншоотҳоро ифтитоҳ намуда, бо фаъолони шаҳр вохурӣ анҷом додед.
Ҳамчунин рафти амалишавии бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Пешвои миллат лоиҳаҳои «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб», “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” ва “Таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб”(марҳилаи сеюм) амалӣ шуда истодаанд.
Дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳаҳои зикргардида масъалаи муҳим бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр ҳалли худро ёфта, сари вақт партовҳо кашонида шуда, вазъи санитарию гигиении шаҳр ва ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард беҳтар мешаванд.
Ҳамзамон Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ гардида, амалишавии 225 лоиҳа ба маблағи 6,9 миллард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо татбиқи Барномаи мазкур сатҳу зиндагии аҳолӣ боз ҳам баландтар хоҳад шуд.Аз ин ғамхориҳои доимии муҳтарам Пешвои миллат мардуми шарафманди Кӯлоб самимона миннадор мебошанд.
Бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Пешвои миллат дар марҳилаи сеюми таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ 11,5 км пешбинӣ шуда, корҳои азнавсозӣ дар 12 кӯчаҳои шаҳр идома доранд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои нони 104% иҷро гардид, кишоварзӣ 533 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,5 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиш 10,7 фоизро ташкил дод.Нишондиҳандаи дурнамои истеҳсоли сабзавот, полезӣ, меваҷот ва ангур пурра таъмин гардиданд.Дар ин давра 48,2 га боғи нав бунёд гардид, ки 104,3 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Нақшаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар соли 2020 барзиёд иҷро гардида, 29 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ дар шаҳру деҳот шинонида шуд, ки 116 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар соҳаи сохтмон, сармояи асосӣ ба маблағи 139,5 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ 128,7 миллион сомониро ташкил дод.Яке аз соҳаи афзалиятноки иҷтимоӣ маориф ба ҳисоб меравад.
Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр 74 ададро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар назди Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи №№20,22,38 ва 41 синфхонаҳои иловагӣ барои 520 xойи нишаст ба истифода супорида шуд.Вобаста ба ҷашнгири 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша то охири соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 873 иншооти иҷтимоӣ гуногун бунёд ва навсозӣ карда шаванд.То ин давра ҳамагӣ 529 иншоотҳои таъиноти гуногун бунёд, таъмир ва азнавсозӣ карда шуда, корҳо дар дигар иншоотҳо бо маром идома доранд.Имрӯз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ 14 адад иншооти дигар мавриди баҳрабардори қарор гирифт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои назаррас, дар сатҳи баланди сиёсию пешвоз гирифтани ҷашни Бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкориро вусъат бахшида, тадбирҳоро амалӣ менамояд.Ҳозирини гиромӣ, чуноне, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, бояд ҳамагон камари ҳиммат баста, барои ободии диёри худ ҳар як дақиқаро самаранок истифода барем.
Коргоҳҳоямонро обод гардонем, барои фардо донаи умед корем, хонаву дари худро таъмир намоем, ниҳол шинонем, кӯчаву маҳаллаҳои худро назаррабо созем.Мардуми шарафманди Кӯлоб дар атрофи Пешвои миллат боз ҳам зичтар муттаҳид гашта, барои иҷрои дастуру супоришҳо ва сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Пешвои миллат саъю кӯшиш менамоянд.
Ҷашни ҷаҳонии мо- Наврӯзи оламафрӯз бигузор поянда бошад! Наврузи деҳқонӣ бигузор чун ҳамасола Наврӯзи саодату хушбахтӣ ва фаровонӣ бошад. Орзу дорам, ки ин баҳору садҳо баҳори дигар Наврӯзи сулҳу дустӣ, пойдории ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва шукуфоии диёрамон гардаду Тоҷикистони азизамон боз ҳам шукуфонтар шавад.
Бо ин нияту орзуҳои нек,
Наврӯз муборак бод!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code