ФАРҲАНГ  РАМЗИ  ИТТИҲОД  ВА  ДӮСТӢ

Фарҳанг мояи аслии ҳуввияти миллат аст. Фарҳанг метавонад миллатро пешрафта, тавоно, фановар, навовар ва соҳиби обрӯи ҷаҳонӣ кунад.

Ҳамин буд, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №181  санаи  20 март “Рӯзи фарҳанг”  эълон гардид ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷашни Наврӯз яке аз омилҳои асосии муарифгари фарҳангу санъати пурғановати миллати тоҷик мебошад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзу фарҳанг ба ҳам таъваманд  ҳастанд. “Фарҳанг-ҷавҳари ҳастии миллат” ин сухани беназири Пешвои муаззами миллат ҳар яки мо китобдоронро   водор менамояд, ки баҳри ҳастии фарҳанги миллат поквиҷдонона, содиқона ба ин сарзамини биҳиштосо ба ин миллати тамадунофар  ба  Пешвои миллат  хизмат намоем.

Чун  сухан  дар  бораи  “Рӯзи фарҳанг” ва “Ҷашни Наврӯз” меравад  кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”  тасмим гирифтанд, ки вобаста ба ин ҷашни ниёгон  ва  20-март  эълон гардидани «Рӯзи фарҳанг» яъне  рӯзи  касбии хешро дар толори барҳавои Китобхона дар сатҳи баланди фарҳангӣ тачлил намоянд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори Муассиса Обидзода Саймуҳаммад Рустам ифтитоҳ намуда,  зикр намуд, ки мо  бояд фарҳанги   пиндори нек,  гуфтори нек, рафтори неки ниёгонамонро  ҳамарӯза пос дорем ва  ҳифз намоем. Зимни  табрикоти самимиаш  як гурӯҳ кормандони соҳибтаҷрибаи соҳаи фарҳангро барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи китобдорӣ махсусан  дар баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, китобу китобхонӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мукофотпулии Кумитаи иттифоқи касаба, ифтихорнома ва  тӯхфаҳои хотиравии маъмурияти Муассиса  сарфароз гардонида шуданд. Баъди суханҳои табрикотӣ таваҷҷӯҳи ҳозирин ба қисмати бадеии чорабинии мазкур нигаронида шуд. Ин қисмат аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба мисли  чакандӯзиҳо,  оинҳои Наврӯзӣ аз ҷумла:  “Ҳафтшину  Ҳафтсин” инчунин намоиши калони китобӣ таҳти унвонӣ “ Наврӯз-иди инсон ва табиат” ороста гардида, пешкаши меҳмонон гардид. Дар фарчоми чорабинӣ мутрибон бо савту сурудҳои Наврӯзӣ базмро ҳусни анҷом бахшиданд.

Хулоса  фарҳангиён ҷашни касбии хещро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.  Зикр намудан ба маврид аст, ки  бузургони илму адаб ва тамаддуни миллати тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз аз фарҳанг ҳамчун падидаи модию маънавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекарданд. Пас моро низ мебояд, ки ин амали некро ба мисли бузургони илму  адаб аз насл ба насл идома дода ба мерос гузорем.

        Абдулҳакимзода Саодат-корманди  Муассисаи   давлатии

      «Китобхонаи  оммавии  вилояти  Хатлон  ба

       номи  Садриддин  Айнӣ  дар шаҳри  Кӯлоб»    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code