БО КОРРУПСИЯ БОЯД ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА БУРД

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба натиҷаи санҷиш вобаста ба иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва Аҳмадзода Нурулло корманди масъули шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлони минтақаи Кӯлоб доир гардид.

 Дар ҷаласа қайд гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад.

Асоси ҳуқуқии мубориза бо ин зуҳуроти хавфнок аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия бармеояд, ки 31 октябри соли 2003 қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд.

Қобили қайд аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расид.

Афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо низ ба таври мусбӣ тағйир ёфта, аз рӯи маълумотҳо соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар индекси байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло баромад.

Тибқи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо илова намудани моддаи нав (моддаи 51) дар қатори мақомотҳои муборизабаранда бар зидди коррупсия субъектони муқовимат ба коррупсия муайян карда шудааст, ки ба онҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, дохил мешаванд.

Аз рӯи маълумотҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор ва Даҳана оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 камбудиҳо ҷой доштанд.

Нисбати масъулин ҷаримаҳои маъмурӣ амалӣ шуда, ҳамчунин ҷазои интизомӣ амалӣ карда шуд.

Муовини раиси шаҳр Исмоилзода  С.  қайд намуд, ки  муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад ва самаранокии муқовимат бо коррупсия низ аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад.

Дар баромади худ  Хӯҷамқулов А.  зикр намуд, ки  муқовимат бо коррупсия муҳим буда, барои баланд бардоштани фаъолнокии иштироки аҳолӣ дар мубориза бо коррупсия ва фароҳам овардани фазои оммавии зиддикоррупсионӣ, бартараф намудани сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи коррупсия чораҳои заруриро амалӣ намудан зарур аст. Чунки ин зуҳуроти номатлуб боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ кам намуда, ба  фаъолияти сохторҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонида, ба иҷрои барномаҳои давлатӣ халал эҷод намуда, монеаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ мегардад.

Бинобар ин бояд ба ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза бурд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code