ДАРЁФТИ   ПАДИДАҲОИ  НАВРАС

Санаи 24.02.2021 дар толори машваратии Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб“ дар  ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб  бо аъзоёни маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмуни “Рассоми беҳтарин “  баргузор  гардид.

Муҳимтарин вазифаи  озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон, бачагону наврасони болаёқат,  бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дар ҳамин замина ба воситаи расми беҳтарин насли навраси тоҷикро  ба сӯи бунёдкорию созандагӣ раҳнамун гардонидан мебошад.

Ҳакамони озмун барои расми беҳтарини зебову назаррас бахшида ба мавзӯҳои  Модар, Ватан, Сулҳ, Ваҳдати миллӣ,  ҷашнҳои ниёгон баҳои баланд  дода, ғолибони озмун  бо  Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Абдулҳакимзода Саодат – корманди Муассисаи   давлатии

«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ  дар шаҳри Кӯлоб»

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code