ПАЁМАДҲОИ ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР.

Имрӯз дар симои зоҳирию ботинии терроризм ва экстремизм душмани давлат, миллат, дӯстиву рафоқат, ҳамкорию ҳаммаромӣ, садоқат ва сулҳу ороми дида мешавад ва ин масъала илман тасдиқи худро ёфтааст.
Дар як амали онҳо садҳо одамон ҷонашон дар зери хатар мемонад ва бисёр ободкориҳо ба харобазор мубаддал мегарданд, риштаи умри даҳҳо нафар одамон, ки бо чандин умедҳои нек зиндагӣ мекунанд, канда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 уми майи соли 2018 дар Конфронси байналмиллали сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ хушунатомез”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз доштанд, ки “Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор қурбон шудаанд.
Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил доданд. Аз ҳамин ҷиҳат муқовимат бо онҳо масъалаи меҳварии сиёсати давлатҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ гардидааст, ки то решаи равандҳои номатлуб ва қоидаҳои содиршавии амалҳояшон қатъ гардад.
Ҳамзамон бояд иброз намуд, ки дар тамоми дунё аксарияти аҳолиро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд ва одатан кушишҳои ҷонибҳои низоъбарангез ба ин табақаи ҷомеа равона карда мешавад ва то андозае муваффақ ҳам мешаванд, аз ин лиҳоз, ҷавононро лозим аст, ки аз бозиҳои сиёсии терроризм ва экстремизм дурӣ ҷуста, дифоъ аз арзишҳои миллии хеш кунанд.
Хулоса, мубориза бо қувваҳои ифротӣ муҳимтарин кафили таъмини амнияти давлат ва миллат буда воридшавии ақидаҳои ғаразноку бегонаро ба мафкураи ҷомеа, махсусан ҷавонон маҳдуд менамояд.
Мо ҷавонон ҳамеша барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосоямон кушиш ба харҷ намуда, бо обу хоку нонаш шукргузорӣ менамоем.
То абад пайравони Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва мемонем.
САФАРМАДИ ШАРИФ, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб
Dilorom Faizova, Фарзона Хакимова и ещё 16

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code