РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ 13483- Д ДИДАН НАМУД

Санаи 23- юми феврали соли 2021 ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф аз қисми низомии 13483- Д Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб боздид намуда, афсарону аскаронро ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ табрик намуд.
Дар ин росто, Раиси шаҳр аз ҷойи зист, толорҳои варзишӣ, инчунин ҷойи хурду хӯроки онҳо дидан намуда, ҳамчунин барои онҳо аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои варзишии вазнбардорӣ, дастхобонӣ, турниккашӣ ва брус доир намуданд. Ба ғолибони мусобиқаҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ пешниҳод карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code