Гурӯҳи мусаллаҳи ТЭТ ҲНИ дар Афғонистон таҳдид ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст!

Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИ) аз оғози фаъолияташ бо роҳандозии амалиёти гуногуни махфӣ, ки оқибатҳои барои ҷомеа норушанро дар пай доранд, шинохта шудааст. Масалан, дар охири давлатдории шӯравӣ ва оғози солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар зеҳни касе намеғунҷид, ки ба ғайр аз ниҳодҳои қудратии давлатӣ боз ягон нерӯ ё гурӯҳи мусаллаҳи дигар бошад. Ҳамон солҳо низ наҳзатиён, ки бо ҳидояти хоҷагони хориҷиашон ташкилоти худро берун аз кишвар таъсис дода, ҳадафашон фарогирии тамоми кишварҳои мусалмоннишини Осиёи миёна буд, иддао мекарданд, ки мақсадҳои сулҳҷӯёна доранд. Роҳбарони вақти наҳзат низ дар оғоз ба такрор ба чашми мардум хок мепошиданд, ки “ҲНИТ ҳеч гуна неруи низомие на дар Афғонистон ва на дар ягон кишвари ҷаҳон надорад ва муборизаи худро барои барқарории ҳукумати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар дар кишвар бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод”. Зимни ташкили “Майдони шаҳидон” низ дар оғози кор ҳадафашонро тақрибан ба ҳамин шакл баён медоштанд.
Аммо натиҷаҳо нишон дод, ки дар пайи муборизаҳои “мусолиматомез ва бидуни хушунат”-и наҳзатиён Тоҷикистон ба хоку хун кашида шуда миллионҳо нафар кушта, ятим ва бехонумон гардиданд. Ҳарчанд, баъдан маълум шуд, ки наҳзатиён дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ дошта, аз хориҷа маблағгузорӣ мешуданд, аммо дигар фоидае надошт ва миллат парокандаву кишвар варшикаста буд. Бо гузашти вақт чун ҷузъиёти фоҷиаи солҳои навадум оҳиста-оҳиста аз хотирҳо фаромуш гашта истодаанд, наҳзатиён дигарбора талош доранд макру ҳилла ва усулҳои қаблан санҷидашудаву кордодаро дигарбора истифода баранд. Аммо ин сиррашон ҳам зиёд пушида намонд. Ҳарчанд, гумонҳо бисёр буданд, вале далелҳо ба даст омада истодаанд.
Масалан, раиси ТЭТ ҲНИ вақте дид мардум ба ҳизбаш бовар надоранд ва эҳтимолияти ғолиб омаданашон дар интихоботи парлумонии соли 2015 ночиз аст, дар оғоз ба таври пушида таҳдид карда буд, ки “сабри мо ҳад дорад ва мо метавонем аз дигар усулҳо истифода барем”. Вақте вокунишҳо атрофи ин сухан зиёд гардид ва саволҳои зиёдеро ба миён овард, ки “дигар усулҳо” гуфта чиро дар назар дорад, Кабирӣ фавран бо “тақияи сиёсӣ” ҷавоб дод, ки “ҳамаи усулҳои истифодамебурдаи мо мусолиматомезанд”. Аммо қасди табаддулоти мусаллаҳонаи моҳи сентябри ҳамон сол исбот кард, наҳзатиён ҳамеша дар фикри амалиёти мусаллаҳона ва хушунатбор ҳастанд.
Ҳанӯз дар Аврупо низ алоқаҳояшон бо гурӯҳҳои террористиву экстремистии “Ихвонулмуслимин”, “Ансоруллоҳ” ва “ДИИШ” побарҷо аст. Тавре ниҳодҳои амниятии давлати Афғонистон муайян намуданд, дар баробари даҳҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистии дар он кишвари ҷангзада фаъолиятмекарда гуруҳи мусаллаҳи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ташаккул ёфтааст. Гурӯҳи мусаллаҳи ТЭТ ҲНИ аллакай дар чандин амалиёти муштараки гурӯҳҳои террористии Афғонистон дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон таҷриба андухта, омодагии ҷиддӣ дида истодааст. Роҳбари ин гурӯҳи террористӣ М. Кабирӣ бошад боз ҳамон изҳороти 30 сол пеш баёндоштаи Нуриву Тураҷонзодаро такрор кард – “ҲНИТ ҳеҷ гуна неруи низомие на дар Афғонистон ва на дар ягон кишвари ҷаҳон надорад ва муборизаи худро барои барқарории ҳукумати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар дар кишвар бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод”. Ин изҳороти бешармонаи Кабирӣ мумкин аст то як муддат ба чашми ниҳодҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар хок пошида, барои тақвият бахшидани гурӯҳҳои мусаллаҳи наҳзат маблағ гирад. Аммо дар маҷмуъ ин тақияхониаш фоидае нахоҳад дошт. Зеро дар Афғонистон ниҳодҳои амниятии Амрикову Аврупо солҳост, ки фаъолияти густурда доранд ва мақомоти амнияти Афғонистон низ дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо феҳристи гурӯҳҳои террористии кишварашро омода кардааст. Агар ин маълумот дуруст намебуд, ниҳоди амниятии Афғонистон онро баён намедошт, то ҳамкорони амрикоиву аврупоияш эрод нагиранд. Ба ҳар сурат, дар асоси таҷрибаҳои ҳизби террористии наҳзат дар амалиётҳои мусаллаҳонае, ки солҳои навадум дар хоки Афғонистон ва баъдан дар Тоҷикистон анҷом дод ва кӯшиши табадуллоти мусаллаҳонаи соли 2015 ҳеҷ шубҳаеро боқӣ намемонад, ки чунин гурӯҳи мусаллаҳи ҷангӣ дар Афғонистон ташкил накарда бошанд.
Ҳарчанд Кабирӣ худро ботамкин нишон медиҳад, вале ҳатто дар нутқи хаттиаш вобаста ба ин масъала асабоният эҳсос мегардад. Воқеан, айни замон роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дар ҳолати асабоният ва яъсу ноумедӣ ба сар мебаранд. Кори сиёсии “мусолиматомезашон” дигар танҳо дар доираи изҳороту баёнияҳои аҷибу ғариб маҳдуд гаштааст. Аз яктараф эътирофи мардумиро пурра аз даст додаанд ва танҳо умедашон ба амалиёти мусаллаҳонаи ҷангӣ боқӣ мондааст, аз сӯи дигар ин амалиёт низ ошкор шуда, “таъсири ногаҳонӣ”-ашро гум кард. Ҳатто дар Аврупо низ баъзан ҳамсафонашон изҳори норозигӣ карда истодаанд, ки маблағҳои грантии барои фаъолияти таблиғотии онҳо ҷудошуда ба самтҳои номаълум харҷ мегардад ва онҳо барҳақ лақаби “опозитсияи шаурмахур”-ро гирифтаанд. Акнун маълум гардид, ки он маблағҳои барои “фаъолияти мусолиматомез” аз созмонҳои хориҷӣ гирифтаи Кабирӣ ба баҳонаи ҳифзи “зиндониёни сиёсӣ” ва “муҳоҷирони сиёсӣ” гирифтааш аслан барои мустаҳкам кардани блоки мусаллаҳонаи наҳзат дар Афғонистон харҷ мешавад. Чанд фиребхӯрдаи ҳамроҳаш ба Аврупо рафта бошад, чун роҳи бозгашт надоранд, аз ночорӣ юғи ғуломии Кабириро ба гардан гирифта, кашонда истодаанд. Як қисмашон ҳатто зиндонро аз нанги ғуломии ҳизби наҳзат боло дониста ба кишвар баргаштанд ва гуноҳашон авф шуда ҳамроҳи хешу табор дар озодӣ ва зиндагии одамвор ба сар мебаранд. Боқимонда дудила гаштаанд. Кабирӣ ҳам ин вазъиятро хуб дарк кардааст ва медонад, ки агар ба се чор изҳороти минбаъдааш ягон вокуниши расмӣ нашавад, мардум ӯро ҳамроҳи ҳизбу паймони лухтакиаш куллан фаромуш месозанд. Бе ин ҳам, кори сиёсии “мусолиматомезашон” ҳатто барои худашон дилбазан гаштааст. Ба ин хотир, ягона умеди наҳзатиҳо ба ҷанги мусаллаҳона ва ворид шудан ба Тоҷикистон тавассути хоки Афғонистон мебошад. Тибқи иттилои дигар ҳатто дигар гурӯҳҳои террористиро низ барои кӯмак ҳавасмонд сохтаанд, то амалиёти худро ба сарҳади Тоҷикистон наздик созанд. Аммо чун мақсаду ҳадафи онҳо “каме дигар” аст, ҳарчанд дар таълими ҷангӣ додан ба наҳзатиён кӯмак карда истодаанд, вале барои ҳамроҳ даромадан ба хоки Тоҷикистон розӣ нашудаанд. Ҳатто “Ҳизбуллоҳ” ҳам пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ таваҷҷуҳаш бештар ба Исроил нигаронида шудааст, то ба Тоҷикистон. Аз ин рӯ ягона умеди наҳзатиён низ пас аз ошкор шудани нақшаҳои нопокашон тавассути ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ҷангӣ дар хоки Афғонистон таҳти хатар қарор гирифтааст.
Ҳамаи ин таҳлилҳо, мо сокинони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба доми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ наафтем. Ба фиребу найрангҳои онҳо дода нашавем. Зеро нишонаҳои фитнаи наҳзатиён дар солҳои навадум дубора пайдо шуда истодааст. Маҳз ҳамон солҳо мардумро ба Афғонистон гуреза карда, он ҷо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятӣ ташкил доданд ва ҳоло низ кӯшиш мекунанд сокинони кишварро фирефта карда, ба гурӯҳҳои мусаллаҳи нави худ дар Афғонистон ҷалб созанд.
Мо мардуми бонангу номуси кишвар бо шукргузорӣ аз суботу оромии ватанамон ҳар гуна хатар ба Истиқлолияти давлатиро, ки ташкили гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ яке аз чунин хатарҳо мебошад, маҳкум месозем.
Орзу Ҳамидиён – муовини раиси шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code