ДАР КӮЛОБ АЗ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАШН ГИРИФТА ШУД

Санаи 22 феврали соли 2021 дар толори театри ба номи Сайдалӣ Вализода чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба  Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Чорабинӣ бо иштироки  афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат афсарону сарбозни қисми низомии 13483-д, намояндагони комисариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуд.

Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам  Вализода Абдуқодир Исуф баромад намуда, иштироккунандагонро ба муносибати солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар душвортарин марҳилаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буд, воқеан мактаби бузурги ҷавонмардӣ ва ҷасорату ватандӯстист.

Набояд фаромӯш кард, ки Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол сарзаминест, ки зану фарзанду модару хоҳар ва додару дигар пайвандонамон зиндагӣ мекунад. Сарзаминест, ки муҳофизати он на танҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.

Дар охири қисмати тантанавӣ як зумра фаъолон ва шахсони баруманди шаҳр барои хизматҳои арзанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ободониву созандагӣ ва тарбияи ватандустиву ватанпарварӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб  сарфоз гардонида шуданд.

Ба хотири болидарӯҳии иштирокчиён чорабинии фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code