ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи сокинон, хусусан ҷавонмардони бонангу номус ва ватандӯсти шаҳрро ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар душвортарин марҳилаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буд,воқеан мактаби бузурги ҷавонмардӣ ва ҷасорату ватандӯстист.

Дар ин миён ба боварӣ гуфтан мумкин, ки ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шуқгузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлолиятӣ давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

Дар хотир бояд дошта, бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.

Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд. Таҷрибаи ҳазорсолаи таърихи давлатҳои дунё собит кардааст, ки кишвари ба нерӯи ҳарбии хориҷӣ дар таъмини иқтидори мудофиавии худ такякунанда, бешубҳа ба шикаст рӯ ба рӯ мегардад.

Яке аз сабабҳои шикасти давлати Сомониён ҳам ҳамин буд. Бо ибрат аз ин дарси барои миллати тоҷик фоҷиабори таърих, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ – дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир дар Қувваҳои мусаллаҳ равона карда, айни замон мушкилоти марбут ба таъминоти моддии сохторҳои низомӣ асосан бартараф карда шуда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат ёфта истодааст.

Бояд ба дарки ҷавонон расонида шавад, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад. Дар маҷмуъ мо бояд он қолабҳои кӯҳнаи шахшудаи фикриро дар бораи гурезонидани фарзандон аз хизмати ҳарбӣ шиканем ва онро ҳамчун мояи нангу номус баррасӣ карда, бо назардошти бартарафсозии омилҳои он падару модаронро ҷиҳати ташвиқи фарзандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дилгарм созем.

Айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса бо солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба нерӯи тавоное табдил ёфтааст. Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар яки мо ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Дар даврони истиқлолият мардуми кишвар ба дарк ва шинохти масъулияти худ дар назди Ватан дуруст ва амиқ сарфаҳм рафтанд. Зеро истиқлолият ва таъмини пояҳои мавҷудияту ҳифзи муқаддасоти он сайъу талош ва азму ирода мехоҳад, ки аз ботини саршори ормонҳои ватанхоҳӣ берун меояд.

Дар ин самт идеали мо хизматҳои содиқонаи Пешвои миллатамон мебошанд. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад. Ҳар як ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Пас на танҳо дар забон, балки дар амал тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

Бо чунин нуктаи назар дар ин ҷо метавон гуфт, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандустӣ роҳи наҷоти миллат аз хатарҳои эҳтимолии замони муосир мебошад. Муҳимтарин силоҳ барои ҳар як фарди ҷомеа имрӯз ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ мебошад.

Набояд фаромӯш кард, ки Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол сарзаминест, ки зану фарзанду модару хоҳар ва додару дигар пайвандонамон зиндагӣ мекунад. Сарзаминест, ки муҳофизати он на танҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.

Бо ин таманниёт хоҳони онем, ки бигзор Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша обод ва мардуми кишвар дар сулҳу амонӣ кору зиндагӣ намоянд.

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code