РАФТИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ДОДА ШУД

Санаи 18 феврали соли равон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 доир гардид.

Ҷаласаро муовини сардори ситоди шаҳрӣ оғоз намуда,  қайд кард, ки бояд тамоми шароиту имкониятҳоро истифода намуда, корҳои заруриро муташаккилона ба роҳ монда, мавсими зимистонро  бе мушкилӣ гузаронидан зарур аст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи ситод қайд гардид, ки дар охири моҳи феврал тибқи маълумотҳо ҳаво сард шуда, эҳтимолияти боридани барф пешгӯӣ гардидааст.

Вобаста ба ин, аз масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ оид ба захираи маводи сӯхт, ангишту ҳезум пурсиш карда шуда, онҳо вазифадор карда шуданд, ки аз захираҳо истифода намуда фаъолияти самарабахши соҳаҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон дар ҳолатҳои зарурӣ, барои истифода генераторҳои барқӣ вазифадор карда шуданд.

Аз рӯи маълумотҳо дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр маводи зидди лағжиш 239 метри мукааб захира гардида, 120 метри мукааб истифода шуда, 119 метри мукааб мавҷуд мебошад.

Дар муассисаи мазкур 7 адад автомашина, аз ҷумла 1 боркунаки фронталӣ, 2 автомошинаи ГАЗ 53, 2 автогрейдер, дулан ва атомошинаи махсуси барфтозакунӣ омодаи кор мебошанд.

ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри  Кӯлоб» зеристгоҳҳоро таъмир намуда ба зимистон омода намуда, ҳамчунин тибқи нақша хатҳои интиқоли барқи фарсударо иваз намудааст. Дар шаҳру деҳот  7 адад трансформатори қуввагии иқтидорашон паст ба трансформатори қуввагии иқтидорашон баланд иваз карда шуда, 8 трансформатори иловагӣ дар кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо гузошта шуданд.

Барои сарфаю сариштакорон истифода намудани нерӯи барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи он бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, ба онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин гуруҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа таъсис дода шуда, самаранок истифода намудани нерӯи барқро дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо мавриди санҷиш қарор дода истодааст.

Айни замон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 4 нуқтаи фурӯши ангишт, 31  нуқтаҳои фурӯши гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ фаъолият доранд.

Илова бар ин, аз ҷониби ҶСК “Суғдиён”-и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 маҳаллаҳои шаҳр  нуқтаҳои фурӯши ангишт ташкил карда шуда, дар онҳо 100 тонна ангишт бо нархи 1 кг-1 сомонӣ ба фурӯш баровардааст.

Тибқи маълумоти раёсати молияи шаҳр барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимитони солҳои 2020-2021 ва зимистонгузаронӣ 130,6 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аъзоёни ситод вазифадор гардиданд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ чораҳои фавриро барои фаъолияти мунтазами соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр дар фасли зимистон амалӣ намоянд.

Бахши бойгонию иттилоотӣ, сармуҳарирони рӯзномаҳои маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки рафти зимистонгузарониро таҳлил намуда, маводҳоро дар рӯзномаҳои маҳаллӣ чоп намоянд.

Ҳамчунин тавассути Телевизиони Кӯлоб  гузоришҳо  бояд пахш карда шаванд.

Шуъбаи иқтисод ва савдо 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code