Э Ъ Л О Н

Сокинони бофарҳанги шаҳри Кӯлоб!

Шуморо санаи 19-уми феврали соли 2021, соати 9:00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесӯ” ва Фестивал-намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, даъват менамоем.

Чорабиниҳои мазкури фарҳангӣ бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП -1140 “Дар бораи баргузории фестивал, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021” роҳандозӣ мегарданд. Ҳамчунин, дар ҳамин вақту соат дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code