ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МОРО БА СӮИ СОЗАНДАГӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамое дар самти пешрафт ва рушду ободӣ ба шумор рафта, дар ин радиф барои сокинони меҳнатдӯсту созанда як қатор имтиёзҳоро пешбинӣ гардид.

Дар ин росто, барои рушди илмҳои дақиқ ва табиӣ озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» эълон карда шуд, ки иқдоми саривақтист. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат санаи 17 феврали соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №6, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, шоири халқӣ Ҳақназар Ғоиб, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мирализода Абдусалом, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Шарофат Худойдодова ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳар як сокини бонангу номуси кишварро зарур аст новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ аз Паёми Пешвои миллат вазифаҳои худро барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян намуда, дар ҷодаи созандагӣ талош варзад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code