КӮЛОБ БА ОЗМУНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ОМОДАГӢ МЕБИНАД

 
Санаи 16-уми феврали соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ оид ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 барои гузаронидани озмуни гулҳо «Сайри гули лола» таҳти Раёсати муовини раиси шаҳри Кӯлоб раиси коммисяи озмуни Ҳамидиён Орзу ва иштироки сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб котиби гурӯҳи корӣ Неъматов Саъдулло ва дигар аъзои комиссия гузаронида шуд.
Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки нақшаи гулу гулбуташинонӣ тасдиқ шудааст. Бояд корҳо дар ин самт вусъат бахшида шуда, нақшаи пешбинигардида, иҷро карда шавад.
Ҳамчунин КФД «Ниҳолпарварӣ кабудизоркунӣ»-и шаҳр вазифадор карда шуд, ки ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва хоҳишмандонро бо гули лола, буттагулҳои гуногун таъмин намояд.
Аъзои комиссия вазифадор карда шуданд, ки тибқи ҷадвали алоҳида аз майдонҳои гули лола пайваста дидан намуда, то ҷамъбасти озмун хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.
 
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code