ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР ГАРДИД

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП1729 ва нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 15 феврали соли 2021 соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карда шуд.

Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2020 ба таври умумӣ гуфта гузашта, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, амалигардонии консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, инчунин тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар қисамти саволу ҷавоб аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас аз ҷониби Раиси шаҳр ва масъулини соҳаҳо пешниҳод гардониданд.

Бахши матбуотӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code