Дар Кӯлоб Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм таҷлил карда шуд

9 феврал дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм таҳти унвони “Занон ва рушди илми муосир” конфренсияи илмӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм ҳамасола 11 феврал таҷлил мешавад.

Дар конференсия намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Аз 112 мақолаи илмии манзургардида 32 ададаш беҳтарин дониста шуд.

Зикр шуд, ки илм ва баробарии гендерӣ унсурҳои ҷудонашавандаи раванди дастовардҳои рушди устувор то соли 2030 маҳсуб мешаванд. Тайи 15 соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кори ҷалби занону духтарон ба соҳаи илм ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Бо шарофати андешидани тадбирҳои мушаххас дар вилояти Хатлон ҳамасола шумораи занон-олимон афзуда, ҳоло ба 66 нафар расидааст.

Бо эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар Тоҷикистон чун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» рушди илм такони тоза ёфта, ба нақши занон дар илм вусъати нав мебахшад.

Дар охири ҳамоиш занони олим, ки дар рушди илм саҳми назаррас  гузоштаанд, бо дипломҳо ҳавасманд карда шуданд.

10.02.2021. /АМИТ «Ховар»/.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code