ОМИЛҲОИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА РАВИЯҲОИ ИФРОТӢ ВА  РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ИН РАВАНД

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва ба амнияту нооромии кишвар халал ворид менамояд, ин падидаи хатарноки ифротгароӣ мебошад. Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ба шумор меравад ва он сабаби ба миён омадани оқибатҳои нохуш аз қабили таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин ба давлату миллат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон густариш пайдо карда, боиси ба амал омадани нооромиҳо ва зиёд гардидани шумораи созмонҳои ифротгароӣ мегардад. Паҳншавии ифротгароии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои ҷиддӣ табдил ёфтааст. Шумораи ҷиноятҳо ва зӯровариҳои вобаста ба ин падида афзуда, тадриҷан, ҷанбаи муташаккилона ба худ мегирад. Гурӯҳҳои ифротии ҷавонон афзоиш ёфта, ба онҳо ҷавонони зиёд ҷалб карда мешаванд.

Ҳамасола дар дунё садҳо ҳаёти инсонҳо бар асари амалҳои террористӣ дар нақлиёти заминӣ, обӣ, ҳавоӣ ва ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятию ташкилоту идораҳо аз байн бурда мешаванд. Барои амалӣ намудани тадбирҳо бобати пешгирии падидаи номатлуби ифротгароӣ мо бояд бидонем, ки худи мафҳуми ифротгароӣ чист ва мақсади он аз чӣ иборат аст?

Ифротгароӣ инъикосгари эътиқоде мебошад, ки бо усулҳои ғайриқонунӣ ва зӯроварӣ ба куллан дигаргун намудани муносибатҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Мубрамияти масъалаи падидаи ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо аз лиҳози хатари он ба тартибот ва низоми мавҷудаи ҷамъиятӣ муайян карда мешавад, балки он ҳамчун зуҳуроти номатлуб ҷанбаи мубаддал шудан ба ҷиноятҳои вазнин аз қабили терроризм, куштор, расонидани зарарҳои ҷиддии ҷисмонӣ ва бетартибиҳои оммавиро доро мебошад.

Бо дарназардошти навиштаҳои боло қайд кардан бамаврид аст, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи падидаи ифротгароии гурӯҳӣ дар муҳити ҷавонон дар айни замон хусусияти муҳим ва таъхирнопазирро гирифтааст. Дар ҷомеаи имрӯза ҷавонон ҳамчун гурӯҳи бузурги иҷтимоӣ дорои аломатҳои махсуси иҷтимоӣ ва психологӣ мебошанд, ки ин аломатҳоро хусусияти синнусолии одамони ҷавон муаррифӣ мекунад ва ҷойгоҳи ҷамъиятӣ, сиёсӣ, ҳамчунин, олами руҳонии онҳо дар ҳолати ташаккулёбӣ қарор дорад.

Омӯхтани масъалаи рафтори тундхӯёна ва ифротгароёнаи ҷавонон дар шароити ҷомеаи имрӯзаи мо хеле муҳим мебошад. Унсурҳои тарзи рафтори ифротгароёнаи ҷавонон дар пасманзар ва заминаи дигаргуншавии ҳаёти иҷтимоӣ ва мадании ҷомеа ташаккул меёбад.

Дар радифи сабабҳои асосии пайдоиш ва тавсеаи рафтори ифротгароёнаи ҷавонон муҳаққиқони соҳа ва ҷомеашиносони муосир чунин омилҳоро шомил мекунанд, аз ҷумла нобаробарии иҷтимоӣ, хоҳиши пайдо намудани ҷойгоҳ дар олами бузургсолон, камолоти нокифояи иҷтимоӣ ва камбуди таҷрибаи касбӣ ва ҳаётӣ. Бояд қайд намуд, ки дар шароити буҳрони шадиди иҷтимоӣ ба ҷавонон, умуман, психологияи ифроткорӣ ва тақлидкорӣ хос буда, ин барои тундравӣ ва ифротгароии ҷавонон замина шуда метавонад.

Аз ин лиҳоз, бештари ҷиноятҳои сиришти ифротгароидошта аз тарафи ҷавонон аксаран, дар ҳайати гурӯҳҳо содир карда мешаванд. Дастаҳо ва гурӯҳҳои сершумори беназоратмондаи ҷавонон аксар вақт ба гурӯҳҳои ифротгаро табдил меёбанд. Пайравӣ ва тақлиди кӯдакон ва наврасон барои содир намудани ҷиноят ё дигар амалҳои бар зидди ҷомеа равонакардашуда дар ҳайати гурӯҳ бо худ чунин асосҳоро доро мебошад.

Омӯзиши тамоюли густариши ифротгароии муосири ҷавонон консепсияи «субфарҳанги ҷавонон»-ро матраҳ менамояд. Субфарҳанги ҷавонон – маданияти насли муайяни ҷавони дорои умумияти тарзи ҳаёт, рафтор, қоидаҳои гурӯҳӣ, арзишҳо ва қолабҳо мебошад. Маҳз дар ҳамин сатҳи субфарҳангҳо насли ҷавон ҷузъҳои аксулфарҳангии намоёнро ба мисли фароғати ҷавонон, ки чун соҳаи асосии фаъолият қабул карда мешавад, аз худ менамояд.

Аксаран, ҷавонону наврасон ҳангоми ба амал омадани бетартибиҳои оммавӣ дар сафи пеши ғоратгарон ҷой мегиранд. Ифротгароии наврасон ва ҷавонон ба ақидаҳо ва тарзи рафтори насли ҷавон, ки дар парастиши амалҳо ва принсипҳои истифодаи нерӯи хушунатомез, тундравӣ нисбат ба атрофиён ва ҳатто зӯроварию куштор асос ёфтааст. Чунин падидаҳои ифротгароӣ бо асли дигарандешӣ, бахусус, бо намояндагони муайяни ҳаракати ҷавонон таҳаммулнопазир буда, талош менамояд, ҷомеаи тоталитариеро, ки ба итоаткории бечунучаро асос ёфтааст, барпо намояд.

Тавре аз таҷрибаи талхи ҷомеаи Тоҷикистони охири асри ХХ ба мо маълум аст, маҳз ҷавононро дар воқеаҳои феврали соли 1990 ва оғози даргириҳои соли 1992 гурӯҳҳои манфиатҷӯ васеъ истифода намуданд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд: «Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад».

Дар Паёми навини худ низ сароҳатан ба ин масъала изҳори назар намуда, иброз доштанд:

«Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.»

Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.»

Дар робита ба ин ба мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар муроҷиат намуда, таъкид намуданд, ки инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Ҷавонон натанҳо имрӯзи ҷомеаи мо, балки ояндаи кишвари мо мебошанд, чунки дар як давраи муайян онҳо, мусалламан, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ насли калонсолро иваз хоҳанд намуд. Агар имрӯз раванди таҷдиди ҷомеа, ташаккулёбӣ ва инкишофи ҷавонон ҳамчун гурӯҳи муҳими иҷтимоӣ – демографӣ тағйир ёфта, мубтало ба таъсири омилҳои манфӣ гардад, ин маънои онро дорад, ки айни замон ва бешубҳа дар оянда ҷомеаи мо ба мушкилиҳои зиёде, ки оқибаташ нофарҷом хоҳад буд, дучор мегардад.

Бинобар ин, масъалаи мавриди назар, яъне ҷавонон ва ифротгароӣ дар замони муосир яке аз масъалаи мубраме мебошад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифта, бояд аҳли ҷомеа нисбати он бетараф набошанд. Ҳаёти осоишта ва ояндаи дурахшони меҳани азиз орзуву омоли ҳар як шаҳрванд буда, таъмини он вазифаи ҳар узви он маҳсуб меёбад.

Сафармади Шариф- мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code