МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОББАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИНОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  2. 2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  3. Сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  4. Мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 924 сомонӣ;
  5. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 924 сомонӣ;
  6. Мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ – 759 сомонӣ;
  7. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  8. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарбдор – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  9. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби 1038 сомонӣ;
  11. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби 1038 сомонӣ;

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

–  ариза ба унвони Раиси шаҳр;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби сармутахассис

 

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мутахассис

– таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

      

 Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Телефон: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.

Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code