БЕКМАТОВ Мирзо Бекматович

 Собиқадори ҷангу меҳнат Мирзо Бекматов соли 1924 дар деҳаи Зардолуваки ноҳияи зебоманзари Шӯрообод баробари тавлид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

     Аз синни 10-солагӣ Мирзои хурдсол ятим монда, аввал дар мактаб-интернати ноҳияи Шӯрообод ва сипас дар Комбинати педагогии шаҳри Кӯлоб таълиму тарбия мегирад.

     Дар ин ҷо ӯ то соли 1937 таҳсил кард. Баъд то соли 1940 дар техникуми роҳсозии шаҳри Сталинобод илм омӯхт. Ҳамзамон дар сохтмони роҳи автомобилгарди «Сталинобод – Хоруғ» ширкат варзид.       Сипас як сол дар донишгоҳи муаллимии шаҳри Тошканд таҳсил кард.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар идома додани илмомӯзӣ барояш монеъа гашт.

    Мирзои 17- соларо бо ихтисоси муаллимӣ ба ноҳияи Шӯрообод фиристоданд. Моҳи январи соли 1943 ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ даъват шуд ва то соли 1945 дар ҳайати бригадаи танкии Витебск командири гурӯҳи зенитчиён бар зидди душман ҷангид. Дар рафти муҳорибаи таърихии «Багратион», дар синни 20-солагӣ, Мирзо Бекматов ҳамчун номзад ба аъзогии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гашт.

    Соли 1946 аз сафи Қушунҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ баргашта, фаъолияти меҳнатии худро дар бонки амонатгузории ноҳияи Шӯрообод идома дод.

    Соли 1947 ӯро котиби ташкилоти комсомолии ноҳияи Шӯрообод интихоб намудаанд. Солҳои 1948-1950 дар Мактаби олии комсомолии шаҳри Москва назди Кумитаи марказии ВЛКСМ таҳсил намуд. Пас аз хатми он котиби  комитети комсомолии вилояти Кӯлоб таъин карда шуд. Солҳои 1952-1964 дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, мудири Раёсати маданияти вилояти Кӯлоб, котиби комитети партиявии шаҳри Кӯлоб, раиси комиҷроияи шаҳри Кӯлоб фаъолият кард.

     Баъд аз хатми факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе соли 1964 ӯро ба шаҳри Москва ба Мактаби олии ҳизби коммунисти Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ равон карданд. Аз соли 1965 то аввали соли 1974 котиби якуми Комитети ҳизби коммунисти шаҳри Кӯлоб шуда кор кардааст.

 Солҳои 1974 то 1986 дар вазифаи раиси Комитети назорати халқии вилояти Кӯлоб фаъолият кард.

    Мирзо Бекматов 2 маротиба депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, депутати Шӯрои вилояти Кӯлоб интихоб шудааст. Мирзо Бекматов Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии шаҳри Кӯлоб ва собиқадори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вакили анҷумани ХХIII Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва аъзои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буда, сазовори орденҳои «Инқилоби Октябр», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Нишони Фахрӣ» гашта, бо 20 медалу 60 Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст. Иштирокчии Паради Ғалаба бар Германияи фашистӣ (соли 1995 – 50-солагӣ, соли 2010 – 65-солагӣ) дар Майдони Сурхи пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри Москва мебошад.

     Соли 2010 бахшида ба 65-умин солгарди Иди Ғалабаи иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадорони ҷанги 2 – юми ҷаҳон аз мамлакати Франсия Мирзо Бекматовро барои иштирок дар танатанаҳои идона даъват намуданд. Мирзо Бекматов ин даъватро бо камоли эҳтироми баланд хуш пазируфта, дар маҷлиси ботантана бахшида ба ин санаи таърихӣ  баромад намуд.

     Айни замон Мирзо Бекматов аъзои Шӯрои ҷумҳуриявӣ буда, ба ҳайси раиси Шӯрои Ветеранҳои Ҷангу меҳнати шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият дорад.

    Дар баробари фаъолияти пурсамари меҳнатӣ Мирзо Бекматов давоми солҳои пурбаракати ҳаёташ ба омӯзиши асарҳои бузургони адабиёт ва олимони намоён шуғл варзида, чун ходими намоёни сиёсию давлатӣ ба эҷоди асарҳои илмию бадеӣ ва нигоштани хотираҳо машғул гашт. Ҳамин машғулияташ буд, ки аз зери хомааш як силсила асарҳо, аз қабили «Таърихи ташкилёбии Ҳокимияти Шӯравӣ дар шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи Кӯлоб», «Комбриг Томин», «Раиси комитети инқилобӣ Саидҷон Назаров», қиссаи ҳӯҷҷатии «По зову времени», «Паҳлуҳои зиндагӣ» ва «Умри босамар» дар шакли китобҳо рӯи чоп омадаанд, пешкаши ихлосмандони эҷодашон гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code