ШАҲРИ КӮЛОБ БОЗ ҲАМ БЕШТАР РУШД МЕКУНАД

Санаи 25 январи соли 2021 ҷаласаи назди муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи иқтисодиёт Исмоилзода Саймурод  Бурҳон оид ба муаррифӣ ва рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 доир гардид.

Дар ҷаласа сардорони Раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндаи намояндагии Барномаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.

Дар ин росто, муовини раиси шаҳр Исмоилзода С., мудири шуъбаи иқтисод ва савдо Раҳмонов А., мудири бахши саноат, энергатика ва нақлиёту коммуникатсия Хоҷамқулов А., ва намояндаи намояндагии Барномаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб баромад намуда, ҷиҳати амалишавии лоиҳаҳои Барномаи зикргардида, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Иштирокчиёни ҷаласа,  бо 3 нусха  Барномаи номбаргардида, ки бо забони  тоҷикӣ, руссӣ ва англисӣ тарҷума шудааст дастрас карда шуданд.

Таъкид гардид, ки рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 зери назорати доимӣ қарор дошта,  мунтазам  корбарӣ карда мешавад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code