ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ  ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР СОЛИ 2020

Санаи 16 январи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумурии Тоҷикистон оид ба масъали рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа муҳтарам Абдуҷабор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф  муовини раиси вилоят Хатлон муҳтарам Файзуллозода Заробиддин ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзил ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С.Б., оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 ҳисобот дода, дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои тамоми соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

Дар идомаи ҷаласа дигар масъулини соҳа аз натиҷаҳои  кории худ  дар соли 2020 баромад намуданд.

Дар ин росто, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф  аз рӯйи ҳисоботи масъулин натиҷагирӣ намуда, оид ба масълаи иҷроиши андоз, истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, тандурӯстӣ, маориф, даъвати ҳарбӣ, обуна ба нашрияҳои даврӣ ва дигар масъалаҳо шахсони масъулро пурсида, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамзамон, муовини раиси вилоят Хатлон муҳтарам Файзуллозода Заробиддин баромад намуда, ҷиҳати рушду пешрафти кор дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Дар охир, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масали рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода  доир ба нишондодҳои иҷтимои иқтисодии шаҳр дар соли 2020 аз ҷумла 30-солагии Истқилолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистон таъмини шароити арзанда барои кору зиндагии сокинон сухан гуфта, ба фаъолони шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code