ДАР КӮЛОБ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ДАСТАҶАМЪОНА ТАМОШО КАРДАНД

Санаи 26.01.2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро сокинони шаҳри Кӯлоб дар ҷойи кор, толорҳои калон ҳамроҳи ҳамкорон ва манзилҳои истиқоматӣ дар миёни оила дастҷамъона тамошо карданд. Ҳамчунин, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, сардорони Раёсатҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндагони тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳот, сокинони шаҳри Кӯлоб Паёми Пешвои миллатро бо ҳисси баланди ватандустӣ ва ифтихори миллӣ бо диққат тамошо намуда, вазифаҳои худро дар ин росто муайян намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code