ДАР КӮЛОБ КОРГОҲИ МЕБЕЛБАРОРӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Санаи 17 январи соли 2021 роҳбари гуруҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ва дигар намояндагон корхонаи дару тирезаҳои пластикӣ бо номи “Ҳаким”, ки сохта шудааст мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлати Туркия  дастрас ва васлу насб гардида,  дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Дар корхона тиреза, дар, мизу курсӣ ва дигар намуди мебел истеҳсол  мешавад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф таваҷҷуҳи соҳибмулк ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат ҷалб намуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code