НАГУЗОРЕМ, КИ МАСҶИДҲО АЗ МАКОНИ НЕКИВУ ПОКӢ БА МАКОНИ ИФРОТИСОЗИИ ҶОМЕА ВА МАҒЗШӮИИ ҶАВОНОН ТАБДИЛ ЁБАНД!

Сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он мебошад. Ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Бо дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфитҷуву тахрибкор баръакс, ба ифротисозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона месозанд.
Дин аз ҳама нуктаи ҳассоси ҳаёти маънавии ҷомеа ба ҳисоб рафта, бо дарки ин, нахустҳуҷуми гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикастани рӯҳияи давлатдории миллӣ равона карда шудааст. Ба ин хотир, ҳамаи ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, ки рӯҳи миллии мардум бо рӯҳи давлатӣ даромезад. Муҳим будани ин андешаро аксари мардумони хирадманд ва кишварҳое, ки садсолаҳо собиқаи давлатдорӣ доранд, пазируфтаанд.
Бо вуҷуди таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҳанӯз ҳам ҳастанд бадхоҳони миллат, ки дини мардумро бар зидди мардум истифода бурдан мехоҳанд ва тавре тарғиб мекунанд, ки бо сӯистифода аз дин мардумро зидди давлату зидди ҳамдигар шӯронанд. Муборизаи давлат бар зидди ифротгароӣ ва омилҳои бесуботиву нооромиро ҳамчун мубориза бар зидди дин талаққӣ медиҳанд, ки комилан хатост. Аммо миллати тоҷик ин фиребро дубора намехӯрад. Аллакай сокинон раванди ҳодисаву воқеаҳо ва ҳамзамон тағйиротҳоро дар сиёсати ҷаҳонӣ бо чашми сар дида истодаанд. Мардум тафаккури таҳлилӣ дорад ва таҳлил мекунад, ки агар солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид амал мекард, ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 3686 масҷид (27 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта) мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд.
То соли 1990 мусулмонони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар донишомӯз таҳсил мекард. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд. Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Агар дар тӯли беш аз 70 соли салтанати шӯравӣ ҳамагӣ 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи ҳоҷигӣ расиданд ва ҳатто баъзеаашон 6-7 маротиба ҳаҷ карданд. Дар як сол аз давлатҳои ИҶШС ҳамагӣ то 10 нафар ба маросими ҳаҷ рафта метавонистанд. Ҳоло танҳо аз Тоҷикистон ин шумора беш аз 5000 нафар дар як сол аст.
Дар зимн, набояд фаромӯш кард, ки дар ҳамаи давру замонҳо боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ва омили нооромиҳову гирифториҳо таассуби динӣ мебошад. Таассуби диниро метавон чунин таъриф кард: «Эътиқод ва пайравии кӯркӯронаи хеле сахтгир ба ин ё он ақидаи дининамо, ё бовариҳои дину мазҳабҳо чун ҳақиқати ягона». Таассуб навъе аз ҳолати рӯҳию равонии шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл, аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризми динӣ гаштааст.
Хурофот бошад дар луғат ҷамъи хурофа буда, аз решаи харифа ба маънои аз ақл бегона шудан, аноӣ ё ҳарзагӯӣ кардан аст. Ба истилоҳ одатҳо ва ақоиде ҳаст, ки бар хилофи ақлу мантиқу илм буда, бо мизони шариат низ созгор нест. Аз рӯи истилоҳ хурофот маҷмӯи эътиқодоти диниест, ки аз нуқтаи назари низоми муайяни динӣ ғайриақлонӣ буда, ботил дониста мешавад.
Таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон, чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб гувоҳ аст, ки чун дин ба сохтори давлатдорӣ омезиш ёбад ва ашхоси дингаро зимоми сиёсатро ба даст гиранд, фарҳанги хурофот ҷойгузини қудрати тафаккур гардида, илм рӯ ба рукуд ва иқтисод ба варшикастагӣ мерасад.
Аз таърих медонем, ки дар Шарқи мусалмон посухи тамоми саволҳои фалсафиву илмӣ аз тарафи дастгоҳи қудрат ба рӯҳониён дода шуда буд ва ниёзе ба тафаккури инсонӣ боқӣ намемонд. Фалсафаи исломӣ фақат таҳқиқу ҷустуҷӯҳои илмиро дар чорчӯби усули дин иҷоза медод. Андешаи исломӣ, ки дар дасти сиёсат ба як василаи расидан ба манфиатҳои шахсӣ табдил ёфта буд, ақлгаро набуд. Омили бузурги ақибмондагии Эрону Хуросону Вароруд ва соири кишварҳои исломӣ пеш аз ҳама саркӯби андешамандон, рақобати ҳокимони маҳаллӣ барои нишон додани садоқати худ ба халифаҳои исломӣ, дар зимн таъқиби равшангарон бо номҳои «зандиқа» ва «қарматия» буд.
Чуноне ба мушоҳида расид, бархе ҷавонони донишпажӯҳ дар ёддоштҳои компютерии худ тамоми асарҳои пажӯҳишгари иртиҷоъии Туркия Аднан Октар (Бо тахаллуси Ҳорун Яҳё) ро, ки бо забони русӣ баргардон шудааст, гирд оварда, пайваста азбар мекарданд, дар сурате ки ин асарнависи тундгаро тамоми назарияҳои фалсафии равшангароии Ғарб ва кашфиётҳои созандаи илмҳои табииро бепоя арзёбӣ намуда, назару афкори ҷавонони акнун ба кофтуковҳои илмӣ пардохтаро ба андешарониҳои ҷазмиву хаёлии асрҳои миёнаи Шарқ банд месозад.
Яъне, мутаассибон ба хотири пешгирӣ аз рушди илму технология аз дин сӯистифода намуда, бо сохтани ҷомеаи таассубӣ мардумро ба механизми иҷрои андешаҳои муғризона ва ифротгароёнаи худ табдил медиҳанд ва дар ин роҳ аз муассисаҳои динӣ, хоса масҷидҳо васеъ истифода мебаранд. Ҷангу даргириҳое, ки солҳост миёни мазоҳиби исломӣ дар масоҷиди Покистону Афғонистон ва соири мамолики Ховари Миёна рӯйи кор омадаанд, авзои минтақаро хароб ва зиндагии мардумро табоҳ сохтаанд. Масҷид солҳост мадди назари як гурӯҳи фурсатталаби сиёсӣ ба унвони маркази таҷаммӯи мардумӣ ва интишори хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ қарор дорад ва аз он чун механизми фаъоли иҷтимоӣ дар ба вуҷуд овардани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ васеъ корбаст мекунанд. Аллакай ин мутаассибони ифротии ба қавли худашон “ҳомиёни ислом” дар минбару меҳробҳо маводи тарканда гузошта, намозгузоронро ба қатл расонида истодаанд ва бешармона ҷиноятро ба уҳда гирифта иброз медоранд, ки он намозгузорони дар таркиши бомбҳои онҳо ҳалокшуда ҳамагӣ “шаҳид” шудаанд ва бояд хешовандонашон нибати қотилони онҳо нафрат накунанд, балки барои шаҳид карданашон миннатдор ҳам шаванд. Аҷаб мантиқе!? Силсилаи низоъ ва даргириҳо имрӯз ҳам дар масоҷиди мамлакатҳои исломӣ идома дорад ва афзоиш ёфтани теъдоди масоҷид ва ҷалби насли ҷавон ба кори саросарии ибодатӣ бесабаб нест ва аз он дар дасти бозигарони сиёсӣ барои даргир сохтани мардум, тавсеа бахшидани низоъу бадбиниҳои мазҳабӣ, таҳкиму тақвият додани хирадситезӣ ва хурофотписандии табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ абзори калидии геосратегӣ мебошад. Ин аст, ки дар шароити имрӯзи бозиҳои геосиёсӣ, ба хотири ҳифзи арзиш ва манофеи миллӣ мебояд ҳушёр буд ва аз таблиғи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки дар қолаби таълифоти бузургони исломӣ низ манзур мегардад, худдорӣ варзид.
Мебояд қайд намоем, ки ҷиҳати аз байн бурдани таассуби динӣ дар ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ ҳамзамон ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандон дар алоҳидагӣ манфиатдор ва масъуланд.
Дар охир месазад ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли зиё ва донишмандони мамлакат вазифаи зиёиён ва дар симои онҳо аҳли ҷомеаро дар робита ба мубориза ба таассубу хурофот ба таври зайл муайян карда буд: “Боз як сабақи таърихиро аз худ кардани зиёиён, ба назарам, хеле муҳим аст. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад. Устод Айниро мисол мегирем. Мударриси забардаст буд, динро ба дараҷаи аъло медонист. Китоберо низ бо номи «Заруриёти диния» таълиф карда буд. Вале дар тамоми асарҳояш бо таассубу ҷаҳолат мубориза мебурд. Барои ба давлатҳои бедору пешрафта баробар кардани Ватанаш, то сатҳи миллатҳои мутараққӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқаш фидокорона ҷаҳду талош меварзид”.
Дар робита ба пешгирӣ аз таассубу хурофотӣ динӣ аҳли ҷомеаро зарур аст вазифаҳои зеринро анҷом диҳанд:
Ø Расидан ба шароити арзандаи зиндагиро аз роҳи ваҳдату субот, сулҳу оромӣ ва меҳнати софдилонаву хайрхоҳона шиори худ сохтан ва дар рӯҳияи анҷом додани амалҳои хайр ва неку созанда зиндагӣ кардан;
Ø Пешгирӣ кардан аз пайдоиши шахсони тасодуфӣ дар минбарҳои масҷид ва маъракаҳои тӯю азодорӣ, ки зери ниқоби “амри маъруф” мафкураи ҷомеаро заҳролуд месозанд;
Ø Худу фарзандонро аз таъсири ҳама гуна ақидаву андешаҳои динии дар ҷомеаи мо ба қавле “навбаромад”, ки боиси ихтилофу тафриқа шуданаш мумкин аст, эҳтиёт кардан;
– Барҳазар будан аз тақлидкорӣ ба шеваи гуфтору рафтори мутаассибон, ки дар ниқоби дин сари мо таҳмил кардан мехоҳанд;
– Амалгаро будан ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илму технологияи муосир ва кӯшиш кардан ба ихтироъкориву навоварӣ;
– Дар зеҳни мардум ҳиссимеҳнатдӯстӣ ва ба ҷойи қаноату худтасаллодиҳӣ меҳнат кардан ва ба ҷойи пас-паси муллоҳову мазорон давидану дуо гирифтан дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ ҷаҳду талоши софдилона карданро боло бардоштан;
– Фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои инсондӯстӣ тарбия намудану оқибатҳои манфии таассубу сиёсикунонии динро фаҳмонидан;
– Ҷомеаро аз оқибатҳои манфии ифроту тафрит ва хурофот огоҳ кардан ва дар зеҳни онҳо хирадгароиву созандагиро мақом додан ва ғайра.
Орзу ҲАМИДИЁН – муовини раиси шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code