ҶАЛАСА ОИД БА ОМОДАГИҲО БАРОИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Санаи ​ 12-уми январи соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷамомади ситод оид ба омодагиҳо барои даъвати навбатии ҷавонон ба сафи артиши миллӣ ​ доир гардид.

Дар ҳамоиш раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, ​ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва дигар мутасаддиёни идораю ташкилоти дахлдор ширкат варзиданд.

Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, роҷеъ ба ҷалби ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат сол то сол хубтару беҳтар гардида, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Ҳамчунин тазаккур доданд, ки масъулони тамоми корхонаю ташкилоти зидахлро зарур аст, пеш аз ҳама корҳои тарғиботиву ташвиқотиро миёни ҷомеа бештар намоянд. Ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро дар ботини ҷавонон бояд бедор кард. Танҳо бо ин васила метавон шумораи ихтиёриёнро зиёд намуд.

Дар идома, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, баромад намуда, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо даъват ба амал овард, ки дар рафти маъракаи даъвати баҳорӣ ба хунукназарию саҳлангорӣ ва қонуншиканӣ роҳ надода, дар иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш, масъулиятшинос бошанд.

Дар охири ҷаласа аъзои ситод фикру андешаҳои хешро вобаста ба масъала, изҳор намуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code