САҲМИ АДИБОНИ КӮЛОБ ДАР РУШДИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ВА МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА

Бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб фаъолияти худро дар 5 соли охир вобаста ба дастурҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда, як қатор комёбӣ ба даст овард. Шуъба ҳар сол дар маҷлисҳои ҷамъбастии сол кори солонаи худро муҳокима ва нақшаи соли ояндаро барои кору амал муайян мекунад ва мо корро дар навбати аввал аз ташвиқу тарғиби Паёми Президенти мамлакат оғоз мебахшем. Дар ин солҳо якчанд чорабинии мо бо иштироки Раиси ИНТ муҳтарам Низом Қосим, Абдулҳамид Самад ва дигарон дар Кӯлоб, Восеъ ва дигар ноҳияҳои минтақа баргузор гардид, ки онҳо воқеан ҳам фаромӯшнашавандаанд.
Дар ин айём хотирмонтарин чорабинӣ баргузории вохӯриҳо бо адибони номии вилояти Суғд буд.
Дар ин солҳо чорабиниҳои дигари хотирмон вохӯриҳои адибони ҷумҳурӣ дар Кӯлоб бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар онҳо шоирони номиамон Аскар Ҳаким, Абдулҳамид Самад, Алиакбар Абдулло, Маҳмадалӣ Аҷамӣ (рӯҳаш шод), Хайрандеш ва дигарон иштирок доштанд.
Дар вилоят се мукофот-мукофотҳои адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин, Носири Хисрав ва Ашӯр Сафар таъсис дода шудааст, ки дар минтақа онро дар 5 соли охир адибон Файз Ашӯр, Абдулҳай Қаландар, Зафар Мирзоён, Ҳақназар Ғоиб ва Алимуҳаммад Муродӣ соҳиб гардиданд. Шоирон Лутфи Хомӯш, Одина Раҳмон, Файз Ашур, Хосият Вализода, Зафар Мирзоён, Ҳикматулло Яъқуб мукофоти адабии ба номи устод Ашӯр Сафарро гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки ҳарду мукофот бо пешниҳоди шуъбаи Иттифоқи нависандагониТоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ба роҳ монда шудааст.
Яке аз муҳимтарин кори шуъба ташкили чорабиниҳои адабӣ дар мавзӯъҳои муҳими рӯз мебошад, ки дар ин самт низ корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.
Бо қаламкашони шинохтаи минтақа ва ҷумҳурӣ Абдулҳай Қаландар, Хосият Вализода, Зафар Мирзоён, Алимуҳаммад Муродӣ, Одина Раҳмон, Лутфи Хомӯш, Файз Ашӯр, Ҳикматулло Яъқуб, Амир Сайиди Мункӣ ва дигарон дар шаҳру ноҳияҳои минтақа вохӯриҳо хотирмон гузаштанд. Аз ҷумла бо ин адибон чунин чорабиниҳоро дар Кӯлоб (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, коллеҷи тиббию омӯзгорӣ, мактабҳои шаҳру деҳот), Ҳамадонӣ, Восеъ, Ховалинг, Данғара, Муъминобод, Фархор (бо Алимуҳаммад Муродӣ) бо собиқадори ҷангу меҳнат Лутфи Хомӯш дар ҷамоати деҳоти Зарбдор, Кӯлоб ва ғайра хотирмон гузаштанд. (Дар баъзе ин чорабиниҳо намояндагони ҷамъияти «Пайванд»-и Ҷумҳурӣ низ ширкат варзиданд).
Ин вохӯриҳо илова ба мавзӯъи зикршуда мавзӯъҳои муҳимро дар бар мегирифт, аз ҷумла: «Паём-илҳомбахши ҷомеаи шаҳрвандии мо», «Шахсият ва Пешвои миллат», «Ваҳдат ва арзишҳои миллӣ дар шеъри тоҷик», «Адиб ва ҷомеа» ва «30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон-бузургтарин ҷашни миллии мо», «Истиқлолияти Тоҷикистон – асоси сарҷамъии мо», «Иҷлосияи XVlШӯрои Олии Тоҷикистон –оғози давлатдории тоҷик», «Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсоз», «Пешвои миллат ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», «Танзим-баракати рӯзгор» ва ғайра (мавзӯъҳои доимӣ барои тамоми солҳо).
Дар давоми ин солҳо дар мавзӯъи «Дар бораи баргузории ҳамоиши ҳизбию адабӣ барои хештаншиносии миллӣ дар соли ҷавонон» ва дигар санаҳои муҳими давлатӣ дар донишгоҳҳои шаҳр ва меҳнаткашони ноҳияҳои Восею Ховалинг, Ҳамадонӣ, Фархор ва Кӯлоб чандин чорабинӣ гузаронида шуд.
Инчунин,фаъолияти адибони минтақа дар ташвиқи мавзӯъи «Фаъолияти адибон дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон аз равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ» низ мавзӯи доимии кори мо буда, мутасаддии баргузории ин мавзӯъ Зафар Мирзоён мебошад. Зафар Мирзоён дар ин мавзӯъ дар Кӯлоб, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Ҳамадонӣ ва дигар коллективҳои меҳнатӣ дар минтақа ва баъзе дигар ноҳияҳои вилоят вохӯриҳо барпо намуд. Вохӯриҳо дар ин мавзӯъ бо донишҷӯёни факултаҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Маркази ҷавон низ хуб гузаштанд.
Дар ин солҳо байни ҷавонон ва бачагони мактабҳои миёнаи умумӣ бо иштироки муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ (равонаш шод бод), Ҳақназар Ғоиб ва нависанда Зафар Мирзоён, инчунин намояндагони васоити ахбори омма якчанд вохӯрӣ дар Ҳамадонӣ, Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод ва Ховалинг баргузор гардид. Дар ин суҳбатҳо инчунин мавзӯъи «Ваҳдати миллӣ ва адабиёт» низ аз мавзӯъҳои марказӣ маҳсуб меёфт, ки дар онҳо адибон Абдулҳай Қаландар, Одина Раҳмон, Алимуҳаммад Муродӣ ва Сулаймон Султон фаъолона иштирок мекарданд.
Инчунин 25 – май соли 2017 аз рӯи нақшаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси ИНТ Низом Қосим, нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ва шоир Акбар Абдулло ва дигарон вохӯриҳо барпо гардид, ки дар ин чорабиниҳо овозхони мумтози тоҷик Афзалшоҳ Шодӣ низ ширкат дошт. Чунин вохӯрӣ дар моҳи декабр низ дар Кӯлоб, Ховалинг ва Восеъ баргузор шуд.
Падидаи хуби дигар дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти маҳфили адабии «Ганҷи Кӯлоб» ва маҳфили тозабунёди «Эҷод» мебошад. Ҳарду маҳфил бо ташаббус ва дастгирии раисони шаҳр мунтазам баргузор мегарданд. Маҳфилҳои дигар низ фаъолияташонро боз ҳам беҳтар намуданд, ки дар онҳо беш 70 ҷавони эҷодкор иштирок менамоянд. Мақсади ин маҳфилҳо ёрӣ ба навқаламон мебошад. Аъзои маҳфил вохӯриҳоро дар мактабҳои шаҳр ва ҳар сол дар ёдбуди шоири зиндаёд Ашӯр Сафар (1 май) пурмӯҳтаво баргузор мекарданд.
Дар ҳамаи ин чорабиниҳо роҳбарони маҳфилҳои «Ганҷи Кӯлоб» «Эҷод» ва «Парвози Шоҳин» (маҳфили адабии Донишгоҳи Кӯлоб), Одина Раҳмон, Абдулҳай Қаландар, Файзи Ашӯр ва Сулаймон Султон иштироки фаъолона доштанд. Маҳфили «Шоҳномахонӣ»-и Зафар Мирзоён низ ҳамеша бо завқи баланд баргузор мегардад. Дар ин маҳфил ва маҳфилҳои «Эҷод», «Ганҷи Кӯлоб» «Парвози Шоҳин»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷавонони бозавқ аслан дарси шеър омӯхта, истеъдоди худро сайқал медиҳанд.
Дар дигар ноҳияҳои қаламрави Кӯлоб низ маҳфилҳои адабӣ нисбатан хуб фаъолият карданд, ки онҳо бо шоирони касбии кӯлобӣ ва ҷумҳурӣ пайваста дар тамос буданд. Махсусан, дар маҳфилҳои адабии ноҳияҳои Ҳамадонӣ (роҳбари маҳфил А. Муродӣ), Восеъ (роҳбари маҳфил Араби Дӯстмурод), Муъминобод (бо унвони «Қалам» бо роҳбарии рӯзноманигор ва адиб Нурулло Ҳасан) ва Кӯлоб истеъдодҳои хуби эҷодӣ ҷамъ омаданд ва дар равнақи фаъолияти онҳо шоирон, аз қабили Алимуҳаммад Муродӣ, Ҳикматулло Яъқуб ва Сайид Амири Мункӣ ва рӯзноманигор Нурулло Ҳасан саҳми арзанда доранд.
Чорабинии дигари муҳим дар ин солҳо баргузории суҳбатҳо зери унвони «Корвони маърифат» аст, ки он ба ҷашнҳои таърихии мамлакат ва Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст. Ин чорабинии вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб аз ноҳияи Балҷувон оғоз шуд. «Корвон» дар давоми ин солҳо дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Ш. Шоҳин ва Кӯлоб пайи ҳам сафарҳо мекунад, ки дар он адибони мо Абдулҳай Қаландар, Зафар Мирзоён, Хосият Вализода, Алимуҳаммад Муродӣ, Файзи Ашӯр, Сулаймон Султон, Одина Раҳмон, Лутфи Хомӯш, Неъмат Ҳабиб ва дигарон фаъолона иштирок менамуданд. Чорабинии мазкур бо иштироки адибони Кӯлобдар дигар ноҳияҳои вилоят низ ҷолиб буд.
Яке аз чорабиниҳои шуъба баргузории ёдбуди адибони зиндаёд мебошад. Аз ҷумла,чандин бор ёдбуди шоири зиндаёд устод Саидалӣ Вализода, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Саидҷон Ҳакимзода ва Ғоиб Сафарзода, адиб ва рӯзноманигор Қувват Холов бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳру деҳоти Кӯлоб хотирмон баргузор гашт ва ин чорабинҳо ба василаи телевизиони Кӯлоб намоиш дода шуданд. Ҷашни 75-солагии Ҳақназар Ғоиб (2018) ва 80-солагии зиндаёд Саидҷон Ҳакимзода (2019) низ бо шукӯҳи хоса баргузор гардида, дар онҳо адибони машҳури ҷумҳурӣ, аз ҷумла устод Низом Қосим ва Абдулҳамид Самад, Акбар Абдулло ва дигарон ширкат варзиданд. Хоса конференсияи илмие, ки доир ба эҷодиёти Саидҷон Ҳакимзода дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор гардид (соли 2019) паҳлуҳои зиёди эҷодии ин шоири зиндаёдро дарбар мегирифт.
Апрели соли 2018 дар зодгоҳи шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода-деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ёдбуди ӯ гузаронда шуд. Дар ин вохурӣ шоирон ва олимони намоёни ҷумҳурӣ иштирок варзиданд.
Муҳимтарин падидаи дигари таърихӣ барои аҳли адаб дар соли 2020 ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон мушарраф гардидани шоирони мо Алимуҳаммад Муродӣ ва Озар Салиммебошад.
Дар баробари ин ҳар сол бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иҷлосияи XVlШӯрои Олии Тоҷикистон нишастҳои адабӣ баргузор мегардиданд, ки онҳо бисёр хотирмон буданд. Аз ҷумла, доир ба ин рӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ, мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Ш. Шоҳин чорабиниҳои хотирмон баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳо адибон Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳай Қаландар, Алимуҳаммад Муродӣ, Одина Раҳмон, Лутфи Хомӯш, Файзи Ашӯр, Зафар Мирзоён ва Сулаймон Султон фаъолона иштирок варзиданд.
Бо вуҷуди ин кӯшиш бояд кунем, ки чорабиниҳо боз ҳам пурмуҳтавотар ва серодамтар гузаранд. Бояд ба сифати чорабиниҳои солҳои оянда эътибори бештар диҳем. Ҳанӯз ҳам фаъолияти ҳамаи маҳфилҳо дар минтақа ба дараҷаи дилхоҳ набуд. Маҳфилҳои «Парвози Шоҳин» ва «Ганҷи Кӯлоб»-у «Эҷод», ки яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти самти адабии минтақа мебошанд, бояд дар солҳои минбаъда боз ҳам кори худро ҷоннок намоянд. Дар айни замон маҳфили «Эҷод» якҷоя бо «Ганҷи Кӯлоб» амал карда, бо баъзе комёбиҳои эҷодӣ низ ноил гардидаанд ва чакидаҳои қалами эҷодкорони ҷавон дар саҳифаҳои рӯзномаҳо чоп шуда истодааст. Махсусан,ба фаъолияти ин маҳфилҳо ва умуман рушди ҳавзаи адабии Кӯлоб раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф эътибори ҷиддӣ дода, иқдомҳои созандаеро рӯи даст гирифтааст, ки ин корҳо самараи хуб дода истодаанд.
Дар соли нав мо кушиш мекунем, ки шуъба боз ҳам беҳтар фаъолият карда, кори худро дар ҳама самтҳо беҳтар ба роҳ монад.
Ҳақназар Ғоиб, котиби масъули бахши Хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code